Все записи автора nansmit

Прокуратураи генералӣ: Мирсаидов барои фаъолияти журналистӣ маҳкум нашудааст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов ба ҳеҷ ваҷҳ ба фаъолияти журналистии ӯ дахл надошта ва гӯё ангезаи сиёсӣ дорад. Читать далее Прокуратураи генералӣ: Мирсаидов барои фаъолияти журналистӣ маҳкум нашудааст

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои охир дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёд оид ба таъқиби ҷиноятӣ ва вазнинии ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд Мирсаидов Х. Ҳ. ба табъ расида, дар баъзе аз чунин хабарҳо ин ҳолат ба рӯзноманигор будани номбурда вобаста карда, ҳатто ба омилҳои сиёсӣ доштани парвандаи ҷиноятӣ ишора карда шудааст. Читать далее Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Падари Мирсаидов: «Ҳушу хаёли Хайрулло бо КВН буд». ВИДЕО

Волидайн ва пайвандони Хайрулло Мирсаидов рӯзе баъд аз содир шудани ҳукми додгоҳи Хуҷанд, ки писари онҳоро ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард, ҳанӯз ҳам ба худ наомадаанд ва мегӯянд, ки умеди худро ба адолати судӣ тақрибан аз даст додаанд.

Онҳо мегӯянд, то охирин лаҳза бовар доштанд, ки додгоҳ ҳукми одилона содир хоҳад кард. Бо кӯмаки вакилони дифоъ, ки ҳамчунин ҳукмро “хеле сангин” номидаанд, Мирсаидовҳо баъди дастрас шудани матни қарори додгоҳ, мехоҳанд бозбинии парвандаро дархост кунанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баъди муҳокимаи беш аз якмоҳаи парвандаи Хайрулло Мирсаидов рӯзи 11 июл Мирсаидовро дар нақзи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба мӯҳлати 12 соли зиндони низомаш сангин айбдор кард. Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми «азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ», «сохтакории ҳуҷҷатҳо», «пахш кардани маълумоти бардурӯғ» дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд исбот шудааст. Мирсаидов ба напардохтани 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13 ҳазор доллар) муттаҳам шуд.

«Модараш дилшикаста шуд»

Ҳабибулло Мирсаидов, падари журналисти маҳкумшуда рӯзи 12 июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди шунидани ҳукми додгоҳ модар ва ду фарзанди дигараш дилшикаста шуда, дар ҳолати сангини равонӣ қарор доранд. Вай гуфт, ки ҳанӯз ҳеҷ як узви дигари хонавода омода нест, ки бо матбуот дар ин бора сӯҳбат кунад. Падар танҳо гуфт, ки худи ӯ ин ҳукмро “комилан ноодилона” арзёбӣ мекунад. Вай гуфт, писари худро ҳамчун як “сарсупурдаи КВН” мешинохт ва надонист, ки оқибат барои ҳамин кораш осеб мебинад. Ба гуфтаи Ҳабибулло Мирсаидов, писари 40-солааш то охир дар хонаи падар зиндагӣ мекард, оиладор набуд ва барои бозиҳои КВН “чор бор аз бонкҳо қарз гирифтааст”. Вай гуфт: ​“Ӯ кори худро дар КВН бисёр дӯст медошт. Доим аз паси ҳамин кор буд. Бачаи хуб ҳам буд, ёрии худро аз касе дареғ намедошт. Аз худо металабам, ки моро ба муроду мақсади худ бирасонад ва писарамро озод кунад.”

Ҳукми сангини журналисти собиқи оҷонсии “Азия-плюс”, хабаргузории олмонии “Дойче Велле” ва раҳбари тими тоҷикистонии КВН рӯзи 11 июл боиси интиқодҳои сахти ҷомеаи байналмилалӣ шуд. Сафоратҳои аврупоиву ғарбии мустақар дар Тоҷикистон, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Human Rights Watch ва ҷомеаи журналистони Тоҷикистон ин ҳукмро ҳамчун “сангин”, “ноодилона” ва “ҳамла ба озодии баён” маҳкум карданд. Аврупову Ғарб озодии билофосилаи Мирсаидовро пеш гузоштанд.

Вакил: Ҳуқуқи Мирсаидов дар ҷараёни додгоҳ мунтазам поймол мешуд

Дар ҳамин ҳол Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов рӯзи 12-уми июл дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ на танҳо ноодилона аст, балки “беасос” ва “ғайриқонунӣ” мебошад ва ҳатман бояд ба бозбинии дубора фиристода шавад. Вай гуфт:

“Аз оғози мурофиа аз ҷониби раисикунандаи муҳокимаи парванда ҳуқуқҳои Хайрулло Мирсаидов мунтаназам поймол мегардид. Ҳатто барои амалӣ кардани ҳуқуқ ва ваколатҳои худ ба ҳимоятгарон ҳам монеаҳо гузошта мешуд. Ба ҳар ҳол, мо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз аз ҷониби мо бегуноҳии Мирсаидов ва беасосии айбҳо алайҳи ӯ исбот карда шуд.

Вале додгоҳ дар хонаи машваратӣ замони содир кардани ҳукм умуман ягон хулоса, пешниҳод ва ваҷҳҳои моро ба назари эътибор нагирифт. Додгоҳ танҳо хулосаҳоеро, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ пешниҳод гардид, ҳамчун асоси ҳукми айбдорӣ қабул карда, Мирсаидовро гунаҳкор донист.”

Бо ин ҳам Насруллоев мегӯяд, бовари чаҳор вакили дифои Мирсаидов ба адолати додгоҳӣ аз байн нарафтааст ва бо роҳи қонунӣ барои барқарор кардани адолати додгоҳӣ ва раҳо намудани Мирсаидов талош хоҳанд кард.

Падари Мирсаидов: «Ҳушу хаёли Хайрулло бо КВН буд»

Оғози ҳисоботи мансабдорон ба журналистон аз ҳафтаи оянда

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон аз аввали ҳафтаи оянда, 16 июл оғоз гардида, то 3 август идома меёбанд. Читать далее Оғози ҳисоботи мансабдорон ба журналистон аз ҳафтаи оянда

ВКД озмунҳо эълон мекунад

Вазорати корҳои дохилӣ озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»-ро эълон менамояд. Аз љумла, байни ҷавонони то синни 35-сола озмуни аз худ намудани забонҳои хориҷӣ барои шахсоне, ки пеш ин забонҳоро азхуд накардаанд, эълон карда мешавад. Читать далее ВКД озмунҳо эълон мекунад

Мавсими нишастҳои матбуотӣ оғоз мешавад

Аз 16-уми июл то 3-юми августи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд. Читать далее Мавсими нишастҳои матбуотӣ оғоз мешавад

Нишасти хабарӣ: Вақти ғалберро аз об бардоштан фаро расид

Аз 16 июл то 3 августи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд. Читать далее Нишасти хабарӣ: Вақти ғалберро аз об бардоштан фаро расид

Намояндаи матбуоти САҲА: Аз ҳукми сангин ва номуносиби Мирсаидов нигарон шудам. ВИДЕО

Намояндаи САҲА дар умури озодии баён ва матбуот Ҳарлем Дезир дар изҳороти рӯзи 11 июлаш аз ҳукми 12 соли зиндони журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард. Читать далее Намояндаи матбуоти САҲА: Аз ҳукми сангин ва номуносиби Мирсаидов нигарон шудам. ВИДЕО

Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”. ВИДЕО

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм бо маҳкумияти ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Читать далее Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”. ВИДЕО

Поёни қазияи КВН Мирсаидов бо 12 соли зиндон маҳкум шуд

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») аз  5-уми декабр инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дошт ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми мазкурро суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл эълон кард ва Мирсаидову вакилаш ҳукми судро беинсофӣ номиданд. Мирсаидов як рӯз қабл дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, «ман бо дастаи КВН обрӯи Тоҷикистонро боло бурдам ва ба ҷои мукофот маро зиндон карданд.” Читать далее Поёни қазияи КВН Мирсаидов бо 12 соли зиндон маҳкум шуд