Все записи автора nansmit

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад

Се созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Далер Шарифов, хабарнигори мустақили тоҷикро, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шуд, фавран аз зиндон раҳо кунад. Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак ҳамчунин аз мақомот хостаанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва шиканҷа намешавад. Читать далее Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад

Бахтиёр Ҳамдамов: Фаъолияти Шӯрои ВАО барои ҷомеаи рӯзноманигорӣ муҳим аст

Суҳбат бо раиси Шӯрои ВАО — и Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Ҳамдамов. Читать далее Бахтиёр Ҳамдамов: Фаъолияти Шӯрои ВАО барои ҷомеаи рӯзноманигорӣ муҳим аст

12 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?

12 феврал Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии маблағгузории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ  доир менамоянд. Читать далее 12 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?

10 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?

10 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар  соли 2019 нишасти матбуотӣ  доир менамоянд. Читать далее 10 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?

CPJ аз Тоҷикистон хост, Далер Шарифовро «фавран» озод кунад

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ё CPJ мақараш дар Ню-Йорк, рӯзи 6-уми феврал бо нашри як изҳорот, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки рӯзноманигор Далер Шарифовро бидуни таъхир раҳо намуда, иттиҳомот алайҳи ӯро бекор ва ба ӯ иҷоза бидиҳанд, ки бидуни ҳеҷ гуна мамониат фаъолияти худро идома диҳад. Читать далее CPJ аз Тоҷикистон хост, Далер Шарифовро «фавран» озод кунад

Номзадии Завқибек Саидаминӣ рад шуд. Номзадҳои аҳзобро сабтином карданд

Дар ноҳияи Файзобод номзадии рӯзноманигори 35-солаи тоҷик Завқибек Саидаминиро барои иштирок дар интихоботи порлумонии моҳи март рад кардаанд. Зиёратшо Акрамзода, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 11 дар Файзобод, гуфт, ин тасмим баъди ошкор шудани чанд имзои, ба қавли ӯ, қалбакӣ гирифта шуд. Вай мегӯяд, дар маҷмуъ ҳабдаҳ имзои ҷамъовардаи рӯзноманигорро бекор карданд. Иддаое, ки Саидаминӣ рад мекунад ва мегӯяд, ёваронаш ба ҳар нафар ҳадафро ошкор фаҳмонида ва бо ризояти худи онҳо имзо гирифтаанд. Читать далее Номзадии Завқибек Саидаминӣ рад шуд. Номзадҳои аҳзобро сабтином карданд

Иброҳим Усмонов: “Ман дӯсти “Ҷавонон…” ҳастам”

33 ИМЗО ДАР ПОЯИ УМРЕ

— 90 сол дар ин рӯзнома 33 сармуҳаррир фаъолият кардааст, — иброз намуд ҳамсуҳбати мо. — Аз Ғуломризо Ализода то Шодихони Назар. Читать далее Иброҳим Усмонов: “Ман дӯсти “Ҷавонон…” ҳастам”

“Рӯзноманигор набояд сарчашмаи иттилооти худро зери зарба гузорад”

Суҳбати як нафар рӯзноманигорро бо раиси АМВАОМТ  Нуриддин Қаршибоев дар мавриди масъулияти журналистон дар назди сарчашмаи иттилооти худ манзури Шумо мегардонем. Ин муколама ба баъзе аз паҳлӯҳои истифодаи сарчашмаи иттилоот рӯшанӣ меандозад, ки донистани онон барои ҳамкасбон аз фоида дур нест. Читать далее “Рӯзноманигор набояд сарчашмаи иттилооти худро зери зарба гузорад”

6 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?

6 феврал Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд. Читать далее 6 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?

Кумитаи дин гуфт, навиштаҳои Далер Шарифовро ташхис мекунад

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки далели боздошти Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, танҳо нашри китоби ахири ӯ нест. Читать далее Кумитаи дин гуфт, навиштаҳои Далер Шарифовро ташхис мекунад