Нашрияи “Файзи Зарафшон” ягона васоити ахбори оммаи чоппӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 1934 то ба ҳол нашр мегардад ва барои пур кардани фазои иттилоотии ин маҳал то андозае нақши бориз дорад. Айни замон муассис ва маблағгузори ин нашрияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба зимма дорад. Читать далее Нашрияи “Файзи Зарафшон” 85-сола шуд
Все записи автора nansmit
Забон ва рекламаи ВАО-и маҳаллӣ хароб, ҷумҳириявӣ чӣ?
«Дар эълону рекламаҳои сатри равон, ки дар онҳо асосан забони русӣ истифода мешавад, ҳангоми истифодаи забони тоҷикӣ дар аксар маврид ба ғалати имлоӣ роҳ дода шуда, ҳарфҳои қ ба к, ҳ ба х, ҷ ба ч, ӯ ба у, ғ ба г, ӣ ба и ва монанди инҳо иваз мешавад. Масалан, аз шабакаи телевизионии “Салом” рафтани сатри равон бо чунин тарз “Оханпора мехарам”, бо нархи 1 кг ду сомони”, “Пахта ва когазпора мехарам” ба фарҳанги имлои забони тоҷикӣ мутобиқ нест». — раиси дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд аз ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки масъалаи забон ва пахши барзиёди рекламаҳои номутобиқ матраҳ гардид, хабар додааст. Читать далее Забон ва рекламаи ВАО-и маҳаллӣ хароб, ҷумҳириявӣ чӣ?
«ДОДАНИ ТӮҲФА, ДАСТУРХОН ОРОСТАН ДАР НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ЗАРУРАТ НАДОРАД»
Ин яке аз ҷавобҳои журналистони вилояти Суғд доир ба суоли «Нишастҳои матбуотиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва аз он то куҷо қаноатманд ҳастед?» мебошад. Читать далее «ДОДАНИ ТӮҲФА, ДАСТУРХОН ОРОСТАН ДАР НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ЗАРУРАТ НАДОРАД»
«Суоли зиёд надиҳед», «вақт тамом шуд»…Пурсишу посух бо вазирон чӣ гуна гузашт?
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ дар пайи анҷоми нишастҳои хабарии мақомоту идораҳо гуфт, «ин нишастҳо талаботи хабарнигоронро пурра қонеъ намекунад». Хабарнигорон дар суҳбат ба ин созмон гуфтаанд, роҳбарони аввал баъзан худашон ба нишастҳо намеоянд ва ё аз ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон бо ҳар баҳона худдорӣ меварзанд. Аммо мақомот ин гуна андешаҳоро рад карда, мегӯянд, онҳо дар нишастҳои хабарӣ ба ҳама суолҳо «посухи мушаххас» медиҳанд. Читать далее «Суоли зиёд надиҳед», «вақт тамом шуд»…Пурсишу посух бо вазирон чӣ гуна гузашт?
Дар Тоҷикистон матолиби диниро чӣ гуна бояд навишт?
Пайгирии масоили мазҳабӣ ва тундгароии динӣ гоҳе метавонад барои хабарнигорон дардисарсоз шавад. Ин нукта дар як нишасте дар Душанбе садо дод, ки дар онҷо роҳнамои нахустин барои таҳияи матолиби динӣ муаррифӣ шуд. Читать далее Дар Тоҷикистон матолиби диниро чӣ гуна бояд навишт?
Оё нишастҳои матбуотӣ хабарнигоронро қонеъ мекунанд?
Мушоҳидаҳо аз нишастҳои матбуотии гузашта нишон медиҳанд, ки хабарнигорон на ҳамеша аз муҳтавои онҳо қонеанд. Ба гуфтаи хабарнигорон дар нишастҳо роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бевосита худашон иштирок намекарданд ва ё аз ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон бо ҳар баҳона худдорӣ менамуданд. Вале назарсанҷие, ки қабл аз оғози нишастҳои матбуотӣ гузаронида будем, хабарнигорон умед доштанд, ки шояд ин даъфа роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бевосита худашон иштирок намуда, ба саволҳои онҳо пурра ҷавоб медиҳанд. Дар ҳамин маврид мо пас аз анҷоми нишастҳои матбуотӣ аз хабарнигорон назарашонро бори дигар пурсидем: Читать далее Оё нишастҳои матбуотӣ хабарнигоронро қонеъ мекунанд?
Тафтиши парвандаи ҳамла ба рӯзноманигори қирғиз поён ёфт
Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳқиқи парвандаи ҳамла ба сармуҳаррири сомонаи иттилоотии FactCheck.kg Болот Темировро ба поён расонид. Читать далее Тафтиши парвандаи ҳамла ба рӯзноманигори қирғиз поён ёфт
18 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?
18 феврал Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ доир менамояд. Читать далее 18 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?
14 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?
Пагоҳ, 14 феврал Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд. Читать далее 14 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?
13 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?
Пагоҳ, 13 феврал Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир менамоянд. Читать далее 13 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?