Все записи автора nansmit

Посухи Додгоҳи Душанбе ба талаби озодии Далер Шарифов

Додгоҳи шаҳри Душанбе талаби раҳоии Далер Шарифов, хабарнигори боздоштшудаи тоҷикро рад кард. Қаблан вакилони мудофеи ӯ аз додгоҳи пойтахт хоста буданд, ки Шарифовро дар замони тафтиши парвандааш озод кунанд. Читать далее Посухи Додгоҳи Душанбе ба талаби озодии Далер Шарифов

Ҳарлем Дезир: Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор Далер Шарифовро озод кунанд

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо кардааст. Читать далее Ҳарлем Дезир: Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор Далер Шарифовро озод кунанд

Ҳашт созмон ва даҳҳо журналист хостори раҳоии Далер Шарифов шуданд

Ҳашт созмони ҷамъиятиву журналистӣ ва даҳҳо хабарнигори тоҷик бо нашри як изҳорот аз боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик шадидан нигаронӣ кардаанд. Мақомот Шарифовро рӯзи 30-юми январ бо гумони «барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ» ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Аммо наздикон ва дӯстони Шарифов ин иттиҳомро беасос медонанд. Читать далее Ҳашт созмон ва даҳҳо журналист хостори раҳоии Далер Шарифов шуданд

Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ вобаста ба боздошти Далер Шарифов

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ нигаронии шадиди худро дар робита ба боздошти рӯзноманигори мустақил Далер Шарифов изҳор медоранд. Читать далее Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ вобаста ба боздошти Далер Шарифов

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд. Читать далее Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Далер Шарифов кист ва боздошташ чӣ паём дорад?

Ҳукми то ду моҳ дар ҳабс мондани Далер Шарифов, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик наздикон ва ҷомеаи хабарнигории кишварро нигарон кардааст. Худдории мақомот аз шарҳи сабабҳои боздошт ва ҳабси Шарифов фарзияҳои дигарро пеши рӯ гузоштааст. Як гуруҳ тахмин мекунанд, ки боздошти рӯзноманигор ба хотири интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумат ва паёме ба ҷомеаи рӯзноманигории кишвар аст. Гуруҳи дигар ба ин андешаанд, ки боздошти ӯ ба навиштаи китобаш бо номи «Муҳаммад ва терроризм» рабт дорад. Читать далее Далер Шарифов кист ва боздошташ чӣ паём дорад?

Вакилони дифои Далер Шарифов хостори озод кардани ӯ дар марҳилаи тафтишот шуданд.

Ҳуқуқшиносони «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз Додгоҳи шаҳри Душанбе дархост карданд, ки Далер Шарифов замони таҳқиқи парвандааш дар озодӣ бимонад. Рӯзи 31 январ вакилони дифоъ Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева нисбати қарори иҷоза барои ҳабс шикоят карда аз додгоҳ талаб карданд, ки «бинобар аз ҷониби Шарифов Далер надоштани хавф ба ҷамъият» аз боздоштгоҳ озод карда шавад. Читать далее Вакилони дифои Далер Шарифов хостори озод кардани ӯ дар марҳилаи тафтишот шуданд.

Рӯзноманигор Далер Шарифовро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе амр дод, ки Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари 32-солаи тоҷик, то анҷоми тафтиши парвандааш ду моҳ дар боздошт бимонад. Қарори додгоҳ 30-юми январ содир шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ» (қисми яки моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст. Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, баъд аз эълони қарори додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иттиҳомро қабул надорад. «Фарзандам ба ягон гурӯҳ шомил набуд ва танҳо ватанро дӯст медошт. Вай журналисти мустақил буд,» — афзуд ӯ. Читать далее Рӯзноманигор Далер Шарифовро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов

Мо муътақид ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ  ҳастем,  азбаски мақомот иттиҳоми мушаххас ба Далер Шарифов пешниҳод накардааст. Читать далее Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов

31 январ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?

31 январ оид ба ҷамъбасти соли 2019 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти  матбуотӣ мегузаронанд. Читать далее 31 январ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?