Все записи автора nansmit

«Главлит» бармегардад?

Бо қарори нави ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи телевизион ва радио фаъолияти шӯрои эҷодиро тақвият медиҳад, ки масъули танзими матолиби шабакаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мешавад.

Читать далее «Главлит» бармегардад? →

Эҳтимоли аз пой маҳрум шудани Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот»-и ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон фавран ба ҷарроҳии пой ниёз дорад. Дар сурати анҷом надодани ин ҷарроҳӣ эҳтимол аз як пой маҳрум гардад.  Читать далее Эҳтимоли аз пой маҳрум шудани Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода →

Бо Толиби Сангин… Ёдаш гиромӣ бод!

Хабари марги ногаҳонии Толиби Сангин сахт таконам дод. Агарчи марг кӯбандаи ҳамаи дарҳост ва барояш тифлу наврасу ҷавону пиру бемору солим фарқе надорад. Марг роҳест, фурсатест барои нақли макон аз ин шаҳр ба шаҳри Худо… Читать далее Бо Толиби Сангин… Ёдаш гиромӣ бод! →

Даргузашти журналист ва адвокати маъруф Толиби Сангин

Ориёфар Толиби Сангинзода, журналист ва ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, пас аз як бемории начандон тӯлонӣ дар манзили зисташ дар Душанбедар аз алом даргузашт.  Читать далее Даргузашти журналист ва адвокати маъруф Толиби Сангин →

“Ҳаёти Сайфуллозода дар хатар аст”

Дар изҳороти худ созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз”, мустақар дар Париж, менависад, аз Тоҷикистон хабарҳои ташвишомез дастрас кардааст, ки мегӯяд, вазъи сиҳҳатии сардабири собиқи нашрияи «Наҷот»Ҳикматулло Сайфуллозодаи зиндонӣ “рӯз ба рӯз бадтар мешавад”. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дастрасии ӯро ба доруву табибон таъмин кунанд. Читать далее “Ҳаёти Сайфуллозода дар хатар аст” →

Нигаронии «Хабарнигорони бидуни марз» аз вазъи Ҳикматулло Сайфуллоҳзода

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» мегӯяд, саломатии Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи «Наҷот»-и Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар маҳбас бад шудааст.

Ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ба Сайфуллоҳзода имкони ёрии тиббӣ фароҳам биёрад. Дар изҳороти “Хабарнигорони бидуни марз”, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, “Ҳикматулло Сайфуллоҳзода 66 сол дошта, аз дарди қалб ва пойгояш шикоят кардааст. Тибқи хабарҳои охирин дар пайи рад шудани дархосташ барои кумаки тиббӣ, гуруснанишинӣ кардааст”.

Йоханн Бирр, раҳбари шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмон гуфтааст, «Ҳикматулло Сайфуллоҳзода дар ҳолати бад қарор дора два бояд фавран муолиҷа шавад. Ҳамчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мақомоти тоҷик фишор биёранд, то фишори озодии воситаҳои ахбори оммаро қатъ намоянд».

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода дар қатори дигар аъзои аршади ҲНИТ баъди исёни генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуд. 2 июни соли равон бо ҳукми Додгоҳи олӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

http://www.ozodagon.tj/27437-nigaronii-habarnigoroni-biduni-marz-az-vazi-ikmatullo-sayfullozoda.html

Даъвати кумаки тиббӣ ба сардабири маҳкумшудаи «Наҷот»

Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» дар бораи бад шудан вазъи солимии узви фаъоли Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ, собиқ сардабири нашрияи ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода, ки имрӯз дар маҳбаси Душанбе адои ҷазо мекунад, маълумот медиҳад. Читать далее Даъвати кумаки тиббӣ ба сардабири маҳкумшудаи «Наҷот» →

Радиоҷанг

Гавҳар Ҷӯраева, духтари донишманди тоҷик Қандил Ҷӯраев ва ҳамсари кинооператори маъруф Давлати Худоназар дар баҳси радиёӣ дар баробари Сергей Пономарёв, журналисти тоҷикбадбин тавонист аз Миллату аз Ватани хеш ҷасурона ҳимоя кунад. Читать далее Радиоҷанг →

Нигарониии USCIRF аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико (USCIRF) дар гузориши наваш, ки 10 август нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва «Шоҳидони Яҳво»-и дини масеҳӣ танқид намуда, дар қатори кишварҳои «махсусан нигаронкунанда» ҷой додааст. Читать далее Нигарониии USCIRF аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон →