Рӯзноманигори тоҷик Толиб Сангин дар синни 51 солагӣ бар асари бемории саратони мағзи сар имрӯз аз дунё даргузашт.
Бино ба гуфти наздикони марҳум, ӯ 10 рӯзи охир аз бемории саратони мағзи сар ранҷ бурда дар беморхона бистарӣ будааст.
Беморон дар иллати бемории ӯ гуфтаанд, ягон роҳ надорад.
Толиб Сангин қаблан дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба донишҷуёни риштаи рӯзноманигори телевизион ва радио дарс мегуфт ва як муддат мудири кафедраи телевизион ва радиои донишкадаи мазкурро низ бар дӯш дошт.
Ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти ҳамкасби хеш сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11630-boz-yak-r-znomanigori-to-ik-darguzasht.html