Все записи автора nansmit

Шумораи идонаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсуси идонаро дар ҳаҷми 56 саҳифаи ранга ва бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба табъ расонд.

Читать далее Шумораи идонаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» →

Низом Қосим: Ба рӯзномаҳои кучагӣ бовар накунед

Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим мегӯяд, тоза кардани ин ниҳод аз эҷодкорони тасодуфӣ идома хоҳад ёфт. Читать далее Низом Қосим: Ба рӯзномаҳои кучагӣ бовар накунед →

Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон дар китоби муҳаққиқи ҷавон

Китоби нахустини муаққиқи ҷавони тоҷик, устоди кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, Зафарҷон Эшматов (Зафар Аскар) аз чоп баромад. Читать далее Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон дар китоби муҳаққиқи ҷавон →

Шикояти сокинони Рӯшон аз қатъи дастрасӣ ба TV-ҳои давлатӣ

Сокинони деҳоти атрофи маркази ноҳияи Рӯшон аз қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шикоят доранд.

Тавре истиқоматкунандагони деҳоти Емс ва Шуҷанд дар 10-15 километрии маркази ноҳияи Рӯшон ба “Озодагон” изҳор доштанд, аз моҳи март инҷониб наметавонанд шабакаҳои “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва “Баҳористон”-ро тамошо кунанд. Ба иттилои мусоҳибон аз меъёр зиёд додани нерӯи барқ аз сӯи ширкати “Помир энержӣ” дастгоҳҳои пахши телевизионҳои давлатиро корношоям кардааст: “Масъулин дастгоҳҳоро гирифта бурданд, аммо то ҳол барқарор накардаанд. Мардум ба ғайр аз шабакаи “Тоҷикистон”, ки барқарор шуд, ба шабакаҳои дигари давлатӣ дастрасӣ надорад”.

Сокинони деҳоти Рӯшон мегӯянд, ин нахустин ҳолати аз меъёр боло рафтани нишондодҳои нерӯи барқ ва корношоям гардидани таҷҳизоти барқии мардум набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо рух додаанд.

http://www.ozodagon.tj/27601-shikoyati-sokinoni-rshon-az-ati-dastras-ba-tv-oi-davlat.html

Даҳ медали ҷашнӣ ба рӯзноманигорони «Овози тоҷик»- и Узбакистон

Даҳ тан аз беҳтарин рӯзноманигорони тоҷики Узбакситон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ин кишвар бо нишони 25-солагии истиқлолияти давлатии Узбакистон сарафроз шудаанд. 

Дар ин бора рӯзноманигори маъруф Мирасрори Фарғонӣ истинодан ба сардабири нашрияи Овози тоҷик Шерпӯлод Вакилов иттилоъ додааст.

Мирасрори Фарғонӣ дар саҳифаи фейсбуки худ навишт: Имрӯз дар идораи «Овози тоҷик» сардабир Шерпӯлод Вакилов эълон кард, ки даҳ нафар кормандони ин рӯзнома ба гирифтани нишони «25-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон» мушарраф гардиданд. Ин нишонҳо ба соҳибонашон дар шакли тантанавӣ супурда шуд.

Манбаъ аз ин даҳ тан ном будааст, ки инҳо Тоҷибой Икромов, Муҳаммадҷон Шодиев, Паймон, Гулҷаҳон Кабирова, Абдулло Субҳон, Саодат Бекназарова, Амрулло Авезов ва се нафари дигар будаанд.

Узбакистон 1-уми сентябри соли равон ҷашни истиқлол дорад, вале ба иллати бемории президент Ислом Каримов тантанаҳои расмии ҷашнвора лағв шудаанд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/dakh-medali-chashni-ba-ruznomanigoroni-ovozi-tochik-i-uzbakiston

Ҷоизаи Мирзои Салимпур, пас аз ронда шуданаш

Мирзои Салимпур журналисти маъруфи тоҷик, ҷойизаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷиратро барои гузоришҳои беҳтарини радиоияш дар ҳоле ба даст овард, ки худаш ба як муҳоҷири корҷӯи тоҷик дар дили Аврупо табдил шудааст. Читать далее Ҷоизаи Мирзои Салимпур, пас аз ронда шуданаш →