Низом Қосим: Ба рӯзномаҳои кучагӣ бовар накунед

Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим мегӯяд, тоза кардани ин ниҳод аз эҷодкорони тасодуфӣ идома хоҳад ёфт.

Номбурда  ин нуқтаро дар шаби эҷодии шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот зикр намуда бори дигар қайд намуд, ки он нафароне, ки тасодуфан дар иттифоқи нависандагон роҳ ёфтаанд, аз сафи аъзоёни ин ниҳод номашон пок карда мешавад.

Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикстон дар хитоб ба адибоне, ки даъвои унвону ҷоиза мекунанд, гуфт, мо он нафаронеро, ки эҷодиёташон чизе несту аммо даъвои унвону ҷоиза мекунанд, аз сафи иттифоқ меронем.

Вай ҳамчунин ба ҳозирин таъкид намуд, ки ба рӯзномаҳои кӯчагӣ бовар накунанд ва эҷодгарони тасодуфӣ аз рӯи адолат аз ин ниҳод хориҷ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл 24 аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бинобар ба талаботи эҷодии ин ниҳод ҷавобгӯ набуданашон аз аъзогӣ озод гардиданд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11907-nizom-osim-ba-r-znoma-oi-kuchag-bovar-nakuned.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *