Суҳроби Рустам, рӯзноманигори 28-сола тоҷик аз бемории саратон олам даргузаштааст.
Дӯстони марҳум мегӯянд, Суҳроб ба бемории саратон гирифтор шуда буд.
Маросими ҷанозаи ӯ дирӯз 29-уми август дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.
Суҳроби Рустам асосан дар радиои “Имрӯз” фаъолият мекард ва яке мувафақтарин журналистони ҷавони тоҷик буд. Ӯ чанд вақти ахир дар намояндагии ширкати “Туркиш Эйрлайнс” дар Душанбе фаъолият мекард.
Раҷаби Мирзо, собиқ сармуҳаррири радиои “Имрӯз” дар сафҳаи Фейсбукиаш навиштааст, «Суҳроб бо вуҷуди ҷавонӣ журналисти хуб ва инсони самимие буд.”
Кормандони хабаргузории TojNews ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” нисбат бадаргузашти бармаҳали Суҳроби Рустам изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳиХудованди пок барояшон Фирдавси барин талаб доранд ва бапайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/darguzashti-ruznomanigori-chavoni-tochik