Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъияти “Журналист” ва дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза барои рӯзноманигорони ҷавон баргузор гардид. Семинар аз ҷумлаи чорабиниҳое буд, ки дар доираи “Давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорони ҷавон” аз тамоми расонаҳои кишвар роҳандозӣ шудааст. Читать далее Рӯзноманигорони ҷавон чӣ омӯхтанд?
Все записи автора nansmit
А.Абдуқаҳҳор: Раиси Кумита маро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил намудааст
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва раиси пешини Радиои Тоҷикистон мегӯяд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон садо ва симояшро дар телевизион мамнуъ кардааст. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 29 июн дар сафҳаи фейсбукаш таъкид намудааст. Читать далее А.Абдуқаҳҳор: Раиси Кумита маро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил намудааст
TJ ё TOJ? Баҳси домен, сайтбандӣ ва суръати Интернет дар Тоҷикистон
Эҳтимол дар зудтарин фурсат домен ё нишонии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет аз “tj” ба “toj” иваз карда шавад. Ба қавли коршиносони масоили интернетӣ, ки рӯзи 22-юми июн дар Душанбе ҷамъ омаданд, ин мавзӯъ дар дасти баррасии мақомоти тоҷик қарор дорад. Ин нишаст бо ҳузури беш аз 120 намояндаи мақомот ва коршиносони дохиливу хориҷӣ ҷараён гирифт. Читать далее TJ ё TOJ? Баҳси домен, сайтбандӣ ва суръати Интернет дар Тоҷикистон
Нуриддин Қаршибоев: Ҷойи воқеиятҳоро «фейкнюс» гирифтааст
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, аз худсензура ё тарси худӣ натанҳо дар миёни журналистон, балки мансабдорону сокинони оддии кишвар нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи 22-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳолат ҷойи воқеиятҳоро бештар хабари дурӯғ ё “фейк” мегирад. Читать далее Нуриддин Қаршибоев: Ҷойи воқеиятҳоро «фейкнюс» гирифтааст
Интиқоди гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон
Гузоришгари вижаи Созмони Милал шеваи рафтори ҳукумати Тоҷикистонро бо хабарнигорону дигарандешон башиддат танқид кард ва тавсия дод, ки чунин шеваи бархӯрд бояд дигар шавад. Дейвид Кей, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои озодии баёну андеша, гуфт, шевае, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини субот ва ҷилавгирӣ аз ноамнӣ пеш гирифтааст, натиҷаҳои баръакс медиҳад. Гузориши ӯ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳафтаи гузашта баррасӣ ва рӯзи 20-уми июн нашр шуд.
Мухолифи ҳадафҳои ҳукумат?
Дейвид Кей, ки соли 2016 дар Тоҷикистон буд, дар гузориши хосе дар ин бора гуфтааст, ҳоло ҳукумат ба “саркӯби матбуоти мустақил, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот, танг кардани фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ ва ақидаҳои демократии мухолиф” тамаркуз кардааст, ки бар зарари худи ҳадафҳои ҳукумат, яъне таъмини суботу амният дар кишвар аст.
Дар гузориши Дейвид Кей, ки дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Инсон дар Созмони Милал баррасӣ шуд, омадааст, Тоҷикистон ба як фазои амниятии ҷиддӣ ва ба навъе ғайримуқаррарӣ рӯ ба рӯст. Аз як тараф Афғонистони ноором бо марзи тӯлониаш, аз тарафи дигар афзоиши ифротгароии минтақавӣ бо сар боло кардани гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” хатарҳо ба амнияти Тоҷикистонро зиёд кардаанд.
«Ман дарёфтам, ки… таҳдид мекунанд»
Дар ин ҳолат, ба гуфтаи Дейвид Кей, “тамаркузи беҳади ҳукумат ба саркӯби хушунатомези дигарандешон, маҳдуд кардани озодии баён ва дигар ҳуқуқи инсон “хатарҳои мавҷуд ба амнияти Тоҷикистон назму тартибот дар кишварро бештар мекунад”. Ӯ зимни муаррифии гузоришаш дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт: “Ман дарёфтам, ба матбуот ва хабарнигороне, ки дар бораи масоили ҷомеа менависанд, таҳдид мекунанд. Ҳукумат сензура кардани интернет, аз ҷумла бастани вебсайтҳоро тасдиқ кард. Айни замон ман фаҳмидам, ки тамоми шабакаҳои мухобиротӣ назорат мешаванд, ки ин ҳамаи шаҳрвандонро дар хатар мегузорад.»
Баҳси ҲНИТ ва се вакили дифоъ
Дейвид Кей аз ҷумла сабти дигарбораи симкартҳо ва иҷоза барои доштани фақат ду симкортро, ки ба номи мушаххас сабт бояд шавад, нақзи ҳуқуқ номида ва гуфтааст, ин кор иҷоза намедиҳад, мардум озодона ва пинҳонӣ аз назари ҳукумат муколама кунанд. Дар гузориши ӯ омадааст, танҳо аз ширкати мухобиротии «Тселл» дар давоми моҳи июни соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон масдуд кадани 85 вебсайтро дархост кардааст.
Амалкарди ҳукумат нисбат ба вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов сахт танқид шудааст, ки ҳоло ҳарсе дар зиндон ҳастанд. Дейвид Кей аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, тамоми зиндониёни сиёсӣ, вакилони дифоъро озод кунанд.
Намояндаи Тоҷикистон: Мубориза бо терроризмро ба инобат нагирифтанд
Ба гуфтаи Дейвид Кей, зимни мулоқот бо намояндагони ҳукумат, онҳо хатари гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» барои Тоҷикистонро бахусус таъкид карда ва гуфтаанд, чораҳое, ки меандешанд, барои пешгирӣ аз ифротгароии исломӣ аст. Аммо Дейвид Кей дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, бо чунин шева ва маҳдуд кардани озодии баён, пеши тундгароиро гирифта намешавад, балки сабаби ифротӣ шудани баъзе аз гурӯҳҳову раҳбаронаш мешавад.
“Ин гузориш яктарафа ва ғайриобъективӣ аст. Фақат маълумоти созмонҳои ғайриҳукуматиро ба инобат гирифта ва назари ҳукуматро ба инобат нагирифтааст”, — гуфт ӯ.
Дейвид Кей соли 2016 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон барои арзёбии вазъи озодии баён ба кишвар рафт ва бо намояндагони ҳукумат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ гуфтугӯ дошт.
Дар беш аз як сол дар Тоҷикистон чӣ гузашт?
Дар як соли гузашта созмонҳои дигари мудофеи озодии баён, назири «Хонаи озодӣ» ва «Гузоришгарони бидуни марз» ҳам аз бештар маҳдуд шудани кори журналистон ва таҳти фишор қарор гирифтани расонаҳои мустақил интиқод кардаанд. Аз ҷумла, “Гузоришгарони бидуни марз” (мақарраш дар Париж) вазъи матбуот дар Тоҷикистонро дар як соли охир бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод карда гуфтааст, ки ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст.
Нашрияҳои дигар аз дучори мушкили молӣ шудани худ, маҳдудият дар имкони нашри матолиби танқидӣ дар ҳаққи мақомот ва сохторҳои давлатӣ, вуҷуди сензураи давлатӣ, бахшиши ҳаққи пештозӣ дар пахши иттилои расмӣ ба Оҷонсии расмии «Ховар» ҳамчун мушкили пешбурди тиҷорату анҷоми рисолати касбии худ шикоят карданд. Муҳаққиқони вазъи расонаҳо дар Тоҷикистон соли 2017 гуфтанд, ки бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла адами имкони иҷрои рисолатҳои касбии худ 20 журналист касби худ ва кишварро тарк кардааст.
Ҳисоботи навбатии мансабдорони тоҷик ба журналистон
Нишастҳои хабарӣ 10 июл оғоз гардида, то 4 август идома меёбанд.
Читать далее Ҳисоботи навбатии мансабдорони тоҷик ба журналистон
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲАНД. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Аз 10 июл то 4 августи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд. Читать далее ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲАНД. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Кумаки журналистони тоҷик ба ҳамтои худ дар пардохти ҷарима
Миҷгона Ҳалимова, журналисти хабаргузории «Озодагон», ки барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ҷаримабандӣ шуда буд, қисмате аз маблағи ҷаримаро пардохт намуд. Дар ҷамъоварии ин маблағ рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеа ба ӯ кумак карданд.
Читать далее Кумаки журналистони тоҷик ба ҳамтои худ дар пардохти ҷарима
Манъи реклама дар адабиёти таълимӣ ва шикояти Ғаффоров аз зиёдаравии телевизион
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 14-уми июн бо қабули тағйирот ба қонун, рекламаро дар адабиёту воситаҳои таълимӣ мамнуъ кард. Читать далее Манъи реклама дар адабиёти таълимӣ ва шикояти Ғаффоров аз зиёдаравии телевизион
Баҳси сафири Малайзия бо рӯзноманигорон
Рӯзҳои истироҳат дар саҳифаи Фейсбук баҳси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо чанд рӯзноманигори тоҷик гарм буд. Читать далее Баҳси сафири Малайзия бо рӯзноманигорон