Мақомоти корҳои дохила дар Суғд мегӯянд, ки расонаӣ кардани омор дар бораи афроде, ки ба ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд ваё дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, боиси бештар шудани ҳамингуна ҷиноят ва ифротгароӣ мешавад.
Ин матлабро Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 25-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд баён дошт ва гуфт, ки минбаъд аз ироаи чунин омор худдорӣ мекунанд.
«Доим сифру рақамҳоро гуфта мегузаштам. Коршиносон ва падару модарон ба ман муроҷиат карданд, ки ин ба ҳолати рӯҳии фарзандони мо таъсир мерасонад»,-гуфт сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд. Шарифзода дар бораи муроҷиатҳои волидону коршиносон муфассал сӯҳбат накард, вале гуфт, паҳн кардани хабарҳои ҷиноӣ, оқибатҳои бад дорад.
Ҷаноби Назарзода аз ҳодисаи худро ба дарёи Сир андохтани як зан ёдоварӣ кард, ки мақомот барои пайдо кардани наздикони вай тариқи телевизион муроҷиат карда буданд: «Дар давоми як ҳафта 5-6 нафар ба дарёи Сир аз ҳамон ҷо худашро партофт. Ана реклама кардем-ку.»
Бар асоси қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, мансабдорон вазифадоранд, ки ба матбуот маълумоти заруриро бидиҳанд, дар акси ҳол ҷазо мегиранд. Бо вуҷуди ин, гирифтани хабару маълумот аз мақомот кори сахт аст ва кам дида шудааст, кадом мақоме барои надодани хабар ҷазо гирифта бошад.
http://www.ozodi.org/a/tajik-police-official-about-criminal-informations/28260129.html