Федератсияи футболи Тоҷикистон мақсад дорад, ки шабакаи нави телевизионии «Футбол»-ро таъсис бидиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода мегӯяд, шабакаи телевизиони «Футбол», ки ба наздикӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад, аввалин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ дар Тоҷикистон мешавад.
Ин телевизион фаъолияти худро сирф ба футбол бахшида, барномаҳояшро дар андозаи муосири телевизионии баландиҷозати HD пахш хоҳад кард. Шабакаи нави телевизиони «Футбол» бозиҳоро бо иштироки дастаҳои мунтахаби мамлакат, бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро дар лигаҳои оливу якум, инчунин дигар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё – Лигаи чемпионҳои КФО, Ҷоми КФО ва бозиҳоро аз чемпионатҳои кишварҳои мухталифи Осиё намоиш хоҳад дод.
Инчунин, дар назар аст, ки тавассути ТВ «Футбол» бозиҳои Лигаи чемпионҳои УЕФА, Лигаи Аврупои УЕФА, бозиҳои премер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, Бундеслигаи Олмон, Серияи «А»-и Италия, Лигаи 1-и Фаронса ва дигар бозиҳои марказии чемпионатҳои дигар кишварҳои осиёиву аврупо намоиш дода шавад.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол корҳои омодагӣ барои таъсиси ин шабака идома дорад.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12952-fft-televizioni-futbol-ta-sis-medi-ad.html