Ифтитоҳи фаъолияти “ТВ Варзиш” ва “ТВ Синамо”

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ду шабакаи телевизионии нав “ТВ Варзиш” ва “ТВ Синамо” ва Академияи васоити ахбори умум оғоз бахшид.

Шабакаиҳои телевизионии «Варзиш» ва «Синамо» моҳи сентябри  соли 2015 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Қарор буд, ки шабакаҳои телевизионии мазкур дар рӯзҳои аввали соли 2016 ба фаъолият шуруъ кунанд. Аммо баъдан барои ду моҳ ба таъхир гузоштанд. Аз 1-уми март ин шабакаҳо ба фаъолият шуруъ кардаанд. Дар интернет низ сомонаи “ТВ Варзиш” фаъол аст.

24-уми ноябри соли гузашта Президенти Тоҷикистон Хуршед Файзуллозодаро директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш” ва Набӣ Набизодаро директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо” таин карда буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, пахши барномаҳои “ТВ Варзиш” дар формати HD ба роҳ монда мешавад, ин омил имконият медиҳад, ки намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш карда шавад.

Шабакаҳои телевизионии мазкур тавассути моҳвора низ пахш мешаванд ва ҳудуди 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ ба он дастрасӣ доранд.

Дар дафтари матбуоти Президент мегӯянд, бинои муассисаҳои нав дар иборат аз сеошёна мебошанд. Дар ошёнаи якум барои Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, дар ошёнаи дуюм Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” ва дар ошёнаи сеюм Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ҷой гирифтаанд. Бинои мазкур бо маблағи умумӣ 4 миллиону 221 ҳазору 661 сомонӣ бунёд ва тармим шудааст.

Дар ҳаминҷо Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин ду шабакаи телевизионӣ ифтитоҳ бахшидааст. Дар умум, дар ин се муаассиса 215 нафар кор хоҳанд кард. Аз ҷумла дар Телевизиони “Варзиш” 113 воҳиди корӣ, Телевизиони “Синамо” 75 воҳиди корӣ ва Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон 27 воҳиди корӣ дорад. Музди маоши моҳонаи кормандон то 2000 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Барои Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” ва Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ба маблағи 1 миллиону 375 ҳазору 960 сомонӣ ва барои телевизиони “Варзиш” ба маблағи 1 миллиону 237 ҳазору 600 сомонӣ таҷҳизот харидаанд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/iftitokhi-faoliyati-tv-varzish-va-tv-sinamo

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *