Имрӯз бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон телевизионҳои «Варзиш» ва «Синамо» ба истифода дода шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии президент иттилоъ медиҳад.
Инчунин президенти кишвар дар ин ҷо ба фаъолияти Муассиаи давлатии «Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон» низ оғоз бахшидааст.
«Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро ба таҳияи барномаҳои пурмуҳтаво оид ба таъриху фарҳанг, расму оин, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстии шаҳрвандон, рушди бахшҳои муҳими кишвар, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва дигар комёбиҳои ҷумҳурӣ ҷалб кард» — меафзояд, манбаъ.
Дар маҷмӯъ барои бунёди ин ду шабакаи телевизионӣ ва Академияи ВАО дар ҳаҷми 4 миллиону 221 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гаштааст. Ба иттилои манбаъ, телевизионҳои мазкур дар бархе мамолики дунё низ тариқи моҳвора имкони тамошо карданро доранд ва бештар аз 60 фисад сокинони Тоҷикистон низ метавонанд ба тамошои барномаҳои ин ду телевизион дастрасӣ дошта бошанд.
Дар ин се муассисаи навтаъсис дар умум 215 нафар бо ҷои кор таъмин шудаанд. Дар телевизиони «Варзиш» 113 нафар, «Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» 27 нафар ва телевизиони «Синамо» 75 нафар бо ҷои кор таъмин гардидаанд. Музди маоши кормандони ин ниҳодҳо то то наздикии 2 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Телевизионҳои «Синамо» ва «Варзиш» ба зертобеияти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дохил шуда аз ҳисоби дармоадҳои ин инҳод сохта ба истифода дода шудаанд.
Чанде қабл раисиҷумҳур роҳбари телевизиони «Варзиш» Хуршед Файзуллозода ва аз «Синамо» Набӣ Набизодаро таъин намуда буд.
http://faraj.tj/news/12616-prezident-televizion1203oi-sinamo-yu-varzish-ro-iftito1203-kard.html