Президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки исми телевизиони “Шабакаи якум” ба шабакаи “Тоҷикистон” иваз карда шавад.
1-уми март Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи ду телевизини нав гуфт, “бо номи “Тоҷикистон” ба роҳ мондани фаъолияти шабакаи марказӣ ин ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, эҳтиром ба номи кишвар ва яке аз роҳҳои муаррифии шоистаи ватани маҳбубамон ҳамчун рамзи ҳастии миллат мебошад.”
Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон соли 1959 ба фаъолият оғоз карда, то соли 2005 шабакаи ягонаи сартосарӣ буд ва бо номи Телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекард. Моҳи июни соли 2006 бо гузаштан ба таҷҳизоти нав номи Телевизиони Тоҷикистон ба Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон табдил дода шуд. Пас аз табдили таҷҳизот Шабакаи якум бо пахши шабонарӯзии барномаҳо шурӯъ кард.
Дар Шабакаи якум 16 идораю шуъба фаъолият дошта, ҳайати эҷодии он беш аз 250 нафарро ташкил медиҳад. Фарогирии Шабака дар қаламрави мамлакат 99,72 фоизро ташкил медиҳад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/shabakai-yakum-ba-tochikiston-tabdili-nom-mekunad