Шӯрои ВАО ба гиромидошти Мақсуд Ҳусейн маҳфил баргузор мекунад

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои гиромидошти Мақсуди Ҳусейн, хабарнигори фақиди тоҷик маҳфил баргузор кунад.

Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО гуфт, ин маҳфил 29 феврал таҳти унвони «Мақсуд Ҳусейн-репортиёр» дар толори хурди «Шарқи озод» баргузор мешавад. Дар ин маҳфил наздикон ва ҳамкорони ҳамкасбони Мақсуди Ҳусейн ширкат хоҳанд кард.

Мақсуди Ҳусейн яке аз хабарнигорони номдори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар солҳои оғози бозсозӣ дар замони султаи ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар саҳифаи матбуот аз худ осори зиёде боқӣ мондааст. Акс, гузориш ва мақолаҳои ӯ аз ҷумлаи пурхонандатирин маводҳои матбуот дар он солҳо будааст.

 

http://www.pressa.tj/article/shuroi-vao-ba-giromidoshti-maksud-khuseyn-makhfil-barguzor-mekunad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *