“Дарс”-и Ато Мирхоҷа ба раиси Кумитаи телевизион дар бораи ВМКБ: Иштибоҳи худро ислоҳ кунед!

Дар пасманзари афзоиши сарусадо оиди манъи зикри мухторияти вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар радио ва телевизионҳои давлатӣ Ато Мирхоҷа,муовини раиси Иттифоқи нависандагон ба унвонии Маҳмадсаид Пирзода,раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар як муроҷиатномаро нашр кардааст.

Ато Мирхоҷа муроҷиатномаашро ба Пирзода субҳи имрӯз, 19 феврал дар сафҳаИ Фейсбукаш нашр кардааст. Ӯ гуфтааст, «тайи муддати як моҳи охир (шояд бештар ҳам бошад) дикторон ва суҳбатороёни шабакаҳои телевизион «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро ба шакли «вилояти Бадахшон» талаффуз мекунанд. Бахусус дар барномаҳои «Ахбор» ва «Маълумот дар бораи обу ҳаво» ягон маротиба ибораи «Мухтори Кӯҳистон» садо намедиҳад. Аввалҳо фикр мекардам, ки шояд саҳв мекунанд ё танбалӣ. Пас аз муқоисаи рафтори дастандаркорони телевизионҳо бо Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баъзе санадҳои дигар ба чунин хулоса омадам, ки кормандони телевизионҳо ба ин ғалат амдан, огоҳона ва мақсаднок роҳ медиҳанд».

Оқои Мирхоҷа дар идома бо хитоб ба роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ таъкид кардааст, «телевизион ҷойе нест, ки ҳар чи дилатон хост, ба ҳамон дастур кор кунед. Агар шумо дастур надода бошед, лоақал барномаҳои ахборатонро гоҳе тамошо ва таҳлил кунед. Агар дикторону ровиёнатон дар бораи ҷуғрофиёи сиёсиву маъмурии Тоҷикистон саводи кофӣ надошта бошанд, онҳоро ба курсҳои такмили ихтисос ба мактаби Зиннатулло (Зиннатулло Исмоилзода, раиси «Академияи васоити ахбори умум” – Озодагон) фиристед. Дирӯз хабареро дар бораи ба вилояти Бадахшон (?) расондани ёрии башардӯстӣ тамошо карда, фикр кардам, ки воқеа дар Бадахшони Афғонистон сурат мегирад. Ба ёд дошта бошед, ки вулусволии Бадахшон дар Афғонистон, яъне мамлакате дар соҳили чапи рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, ки маъмулан аз тоҷикон сар карда то паштуҳову эрониҳо онро «Вилояти Бадахшон» мехонанд. Аммо Тоҷикистон, ки дар қисми рости рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорад, ки соли 1925 таъсис ёфта, то имрӯз касе онро барҳам надодааст. Бинобар ин, на шумо ва на каси дигар ҳақ надорад, ки телевизионро ба дастгоҳи хостаҳои шахсии худ табдил дода, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи як вилояти бузурги Тоҷикистон зери по кунед. Хоса дар соле, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешавад, ин амалатон боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо дар байни бадахшониён ва барангезондани ихтилофҳои сунъӣ мегардад. Фикр мекунам, ки иштибоҳи худро минбаъд ислоҳ мекунед ва ин суйитафоҳумро бартараф месозед. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санги асоси давлати Тоҷикистон аст. Санги асосро беҷо кардан хосияти хуб надорад.

Зи таърих ин аст осори мо:
Бадахшони пурганҷи мухтори мо!»

 

http://www.ozodagon.tj/25354-dars-i-ato-mirhoa-ba-raisi-kumitai-televizion-dar-borai-vmkb-ishtiboi-hudro-islo-kuned.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *