Қувваозмоии идонаи журналистон бо сарбозон (АКС)

Имрӯз бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар Душанбе бо ташаббуси сармуҳаррири нашрияи «Вечёрка» Гулнора Амиршоева ва Вазорати мудофиаи кишвар мусобиқаи варзишӣ миёни сарбозону журналистон баргузор шуд.

Ҳомиёни ватан дар ин бозиҳо аз ҷумла футболи хурд ба ҳисоби 6-1 ғолиб омаданд. Дар қувваозмоиҳои дигар низ сарбозон бартарӣ доштанд. Масъулин дар охир иштирокчиёни қувваозмоиҳоро бо ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардониданд.

Ҳамзамон имрӯз бо иштироки Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар Боғи Ирами пойтахт бахшида ба иди дар пеш истода чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ баргузор шуд.

http://faraj.tj/news/12526-1178uvvaozmoii-idonai-zhurnaliston-bo-sarbozonaks.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *