Мирхоҷа ба Пирзода: Гоҳо барномаҳои телевизионро тамошо кунед!

Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҷаноби Маҳмадсаид Пирзода муроҷиат карда мегӯяд, ки дар телевизионҳои давлатӣ калимаи «вилояти Бадахшон» ғалат истифода бурда мешавад.

Ҷаноби Мирхоҷа ин муроҷиаташро дар саҳифаи фейсбукиаш нигоштааст:

-Тайи муддати як моҳи охир (шояд бештар ҳам бошад) дикторон ва суҳбатороёни шабакаҳои телевизион «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро ба шакли «вилояти Бадахшон» талаффуз мекунанд. Бахусус дар барномаҳои «Ахбор» ва «Маълумот дар бораи обу ҳаво» ягон маротиба ибораи «Мухтори Кӯҳистон» садо намедиҳад. Аввалҳо фикр мекардам, ки шояд саҳв мекунанд ё танбалӣ.

Ба қавли ӯ телевизионҳо амдан ба чунин хато роҳ медиҳанд.

«Пас аз муқоисаи рафтори дастандаркорони телевизионҳо бо Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баъзе санадҳои дигар ба чунин хулоса омадам, ки кормандони телевизионҳо ба ин ғалат амдан, огоҳона ва мақсаднок роҳ медиҳанд»,-мегуяд, ӯ.

Баъдан ӯ ба роҳбароин шабакаҳои телевизионӣ муроҷиат карда мегӯяд: «Телевизион ҷойе нест, ки ҳар чи дилатон хост, ба ҳамон дастур кор кунед. Агар шумо дастур надода бошед, лоақал барномаҳои ахборатонро гоҳе тамошо ва таҳлил кунед. Агар дикторону ровиёнатон дар бораи ҷуғрофиёи сиёсиву маъмурии Тоҷикистон саводи кофӣ надошта бошанд, онҳоро ба курсҳои такмили ихтисос ба мактаби Зиннатулло фиристед. Дирӯз хабареро дар бораи ба вилояти Бадахшон (?) расондани ёрии башардӯстӣ тамошо карда, фикр кардам, ки воқеа дар Бадахшони Афғонистон сурат мегирад».

Дар охир ӯ қайд менамояд, ки умедвор аст, ки минбаъд ин хато ислоҳ мешавад: «Фикр мекунам, ки иштибоҳи худро минбаъд ислоҳ мекунед ва ин суйитафоҳумро бартараф месозед».

 


http://faraj.tj/main/12494-mirho1207a-ba-pirzoda-go1203o-barnoma1203oi-televizionro-tamosho-kuned.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *