Боздошти хабарнигори Озодӣ дар марз бо Қирғизистон

Хабарнигори бахши тоҷикии Озодӣ дар ҳоле ки мавзӯи овехтани парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъачаро пайгирӣ мекард, аз тарафи марзбонҳои қирғиз боздошт шудааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб (Маъсум Имомов), хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, рӯзи 8 феврал, дар ҳоле ки мавзӯи боло шудани парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро таҳқиқ мекард, аз сӯи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон боздошт шудааст. Нахустин шуда ин хабарро соати 14-и рӯзи душанбе ба Озодӣ яке аз сокинони Овчӣ-Қалъача бо номи Муҳаммадалӣ Абдулвалиев расонд ва баъдан дар сӯҳбат бо мо ин хабарро раҳбарияти Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ тасдиқ кард. Абдулвалиев аз ҷумлаи он ду сокини Овчӣ-Қалъача аст, ки мегӯянд, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон бар боми манзили онҳо парчами кишвари худро задаанд.

Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки Маъсуми Муҳаммадраҷаб барои нақзи қоидаҳои убур аз марзи давлатӣ боздошт шудааст. Ба қавли ӯ, «ин ҷавобгарии маъмурӣ дорад. Шахсияти хабарнигор ва ҳуҷҷатҳояш тафтиш шуда, баъдан протокол тартиб дода хоҳад шуд.»

Борубоева афзуд, баъди тартиб додани санад Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз боздошт раҳо хоҳад шуд, аммо нагуфт, ки кай? Ӯ мегӯяд: «Ман гуфта наметавонам, ки давоми як соат ё ду соати дигар озод мешавад. Вале давоми рӯз озод мешавад.» Дар посух ба Озодӣ, ки шояд навору аксбардории хабарнигор дар марз боис ба нороҳатии онҳо шуда ва боздошташ ба ин ҳолат рабт дорад, Гулмира Борубоева гуфт: «Дар зери ин боздошт ягон гапи дигар нест. Мо ба баррасии ҳама масъала омода ҳастем, проблема надорем. Агар хабарнигор дар бораи таҳияи гузориш аз мо иҷоза мепурсид, касе не намегуфт. Фақат дар ин масъала нақзи қоидаи марзи давлатӣ аст.»

Дар ҳамин ҳол, мақомоти марзбонӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз қазияи Маъсуми Муҳаммадраҷаб хабар доранд ва барои ҳалли мусбаташ талоши худро хоҳанд кард.

Хабарнигори бахши тоҷикии Озодӣ рӯзи 8 феврал дар пайи боло шудани парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъача ба ин ҷамоат рафт, то вазъро аз наздик пайгирӣ кунад. Тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов — сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — парчами кишварашонро насб кардаанд. Шоҳидони айнӣ рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи ин ҳодиса хабар дода ва гуфтанд, ки марзбонҳои қирғиз иддао кардаанд, манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.

Сокинони маҳалли наздимарзӣ мегӯянд, сарҳадбонҳои қирғиз, инчунин, ба хонаи сокини дигари Овчи Қалъача Абдуғаффор Ҷалолов, ки дар назди обанбори ин маҳал зиндагӣ мекунад, нимарӯзи 6 феврал парчам насб кардаанд.

Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд овехтани парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафруров аз сӯи марзбонҳои қирғизро «амали барқасдона» номид. Генерал Муҳаммад Ҷаъфаров, сардори раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар Суғд, 8 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала бо марзбонҳои қирғиз музокира сар шудааст.  Ӯ афзуд, «ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки деҳаи Овчӣ-Қалъача пурра ба Тоҷикистон тааллуқ дорад ё ба Қирғизистон. Аз ин рӯ, онҳо метавонистанд парчами худро дар болои мактаб зананд, аммо чаро ба болои манзили сокинони Тоҷикистон задаанд? Мо то ҳол ҷавоби ин суолро нагирифтем.» 

Аммо дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 8 феврал дар як иттилоияи расмӣ гуфт, марзбонони қирғиз парчами ин кишварро дар боми манзиле насб кардаанд, ки ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад ва соҳибаш ин манзилро муваққатан ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора додааст. Ба гуфтаи марзбонони қирғиз, ин манзил дар ҳудуди рустои Мақсати ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҷойгир шудааст, на дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон. Ба иддаои ин ниҳод, бар асоси харитаи солҳои 1958-1959, ин манзил қаламрави Қирғизистон аст.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

 

http://www.ozodi.tj/content/article/27538507.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *