Хонум Борубоева афзуда, баъди тартиби санад Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз боздош раҳо мешавад: “Ман гуфта наметавонам, ки давоми як соати ё чанд соат озод мешавад. Вале давоми рӯз озод мешавад. Дар зери ин боздошт ягон нимкоса нест. Мо ба ҳамаи масъала омода ҳастем, проблема надорем. Фақат дар инҷо нақзи қоидаи марзи давлатӣ аст”.
Хабарнигори бахши тоҷикии Озодӣ дар пайи боло шудани парчмаи Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъача ба ин ҷамоат рафт, то вазъро аз наздик пайгирӣ кунад. Бино ба иттилои расида, нисфишабии 6 феврал ҳудуди 40 марзбони қирғиз вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти ду сокини ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчами кишварашонро насб кардаанд. Ба иддаои сарҳадбонҳои қирғиз, ин ду манзил дар хоки Қирғизистон ҷойгир аст ва соҳибонашон бояд онҳоро холӣ кунанд.
http://www.ozodagon.tj/25194-bozdoshti-zhurnalisti-toik-az-si-marzbonoi-iriz.html