Марзбонони қирғиз журналисти тоҷикро боздошт карданд

Як хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз ҷониби неруҳои марзбонии Ҷумҳурии Қирғизистон боздошт шудааст.

Бар асоси иттилои расонаҳо Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳаштуми феврал боздошт шудааст. Мақомоти марзбонии қирғиз хабарнигори тоҷикрор дар ҳудуди Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт кардаанд. Сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба расонаҳо далели боздошти хабарнигори тоҷикро шаҳр дода афзудааст, ки  “ин ҷавобгарии маъмурӣ дорад. Шахсияти хабарнигор ва ҳуҷҷатҳояш тафтиш шуда, баъдан протокол тартиб дода хоҳад шуд”. Ӯ дар идома соати дақиқи озод шудани хабарнигори тоҷикро зикр накарда фақат гуфтааст, дар давоми рӯз озод мешавад: “Ман гуфта наметавонам, ки давоми як соати ё чанд соат озод мешавад. Вале давоми рӯз озод мешавад. Дар зери ин боздошт ягон нимкоса нест. Мо ба ҳамаи масъала омода ҳастем, проблема надорем. Фақат дар инҷо нақзи қоидаи марзи давлатӣ аст”.

Маъсум Муҳаммадраҷаб дар пайи насби парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини деҳаи Овчӣ-Қалъа  ба ин минтақа рафта, то қазияро пайгирӣ кунад.

http://www.pressa.tj/article/marzbononi-kirgiz-zhurnalisti-tochikro-bozdosht-kardand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *