Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Спитамен зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки дар соли равон нияти таъсиси телевизиони маҳаллиро доранд.
Раиси ноҳияи Спитамен гуфт, ки барои ташкили телевизион маблағҳои калон лозиманд ва албатта, бо барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷаи маҳаллӣ дар соли равон телевизиони маҳаллиро таъсис хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Спитамен барномаҳои телевизионҳои «Шабакаи аввал», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Суғд», «Азия», «СМ-1» бемамониат пахш мегарданд.
Ноҳияи Спитамен бо кишвари Ӯзбекистони ҳамсоя ҳаммарз буда, қаблан ин ноҳия «Нов» ном дошт ва соли 2003 парламенти Тоҷикистон бо тасдиқи як санад номи онро ба Спитамен тағийр дод.
Тибқи маълумоти расмӣ, ноҳияи Спитамен беш аз 118 ҳазор аҳолӣ дорад ва гуфта мешавад, ки аз 60 то 70 дарсади мардуми онро ӯзбектаборон ташкил медиҳанд.
http://faraj.tj/news/12105-dar-spitamen-televizion-tasis-medi1203and.html