Пирзода гуфтаҳои Салимзодаро бепоя хонд

Дар нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон доир гашт  Маҳмадсаид Пирзода  раиси кумитаи мазкур ба саволњои хабарнигорони дохилию хориҷӣ  посух гуфта иброз дошт ,ки барои рушду нумўи соҳа тамоми шароиту имконииятњои зарурӣ мавҷуданд.

Дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон барномаву лоиҳаҳои нави эҷодӣ, аз қабили «Аз пайи хабар», «Зан ва замон», «Таҳаввул», «Муҳити зист», «Варта», «Мурофиа», «Мизони қонун», «Ошён», «Равондармонӣ», «Гиреҳ», «Мубоҳиса», «Фурӯғи абадият», «Бархӯрди манфиатҳо», «Вокуниш», «Масир», «Истеъдод», «Мунозира» барномаҳои нави фарҳангии «Маҳорат», «Мазраи ҳунар», «Ҳусни андеша», «Чаманистони фарҳанг», «Имшаб» барномаҳои нави иқтисодии «Вазъият ва дурнамо», «Иқтисод», барномаҳои ҷавонӣ ва варзиш ва сайёҳии «Ҷасорат», «Сабқат», «Роҳи шаб», «Тамошо» ташкил ва такмил дода шуданд, ки аксарияташон таҳлилию мубоҳисавӣ буда, шаклҳои нави пешниҳод ва тарзу усулҳои ҷолиби иттилоърасонӣ доранд.

Пас аз барномаи иттилооти «Ахбор» таҳти рубрикаи «Бидуни шарҳ» дар ҳаҷми се чор дақиқа навори бешарҳ аз вазъи ногувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пахш мешавад. Давоми сол зиёда аз 50 рубрикаи мазкур пахш гардид.

Назар ба дигар барномаҳои таҳлиливу танқидии Шабакаи ин рубрика ҳадафрас буда, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба онҳо вокуниш нишон доданд.

Ҳамчунин Маҳмадсаид Пирзода зимни нишасти хабарӣ изҳороти Нусратулло Салимзода, вазири танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро, ки аз пулгириҳо дар телевизионҳои давлатӣ интиқод намуд, беасос хонд: “Чунин ҳолат нест, агар бошад, бигузор исбот кунад”. Дар асл  Нусратулло Салимзода, 13 январ зимни нишасти хабарӣ “пул талаб карданро” як паҳлӯи кори телевизионҳо хонда, таъкид намудааст, ки духтурони зиёде бо пардохти маблағ дар телевизион худро реклама мекунанд.

http://www.pressa.tj/article/pirzoda-guftakhoi-salimzodaro-bepoya-hond

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *