Раҳбари вилотияти Сӯғд аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, бештари онҳое, ки даст ба худкушӣ задаанд ё бемории рӯҳӣ доранд ва ё бе ҷои кор мондаанд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти мазкур имрӯз, 15 январ дар нишасти хабарӣ гуфт: “Ин рақам воқеан ҳам нигаронкунанда аст, чун назар ба соли 2014, 39 ҳолат зиёд мебошад”.
Оқои Қодирӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тайи як соли гузашта 302 нафар сокини вилояти Суғд даст қасди худкӯшӣ кардаанд. Аз 302 нафаре, ки қасди худкушӣ кардаанд, 38 нафарашон хонандагони мактаб мебошанд, гуфт раис вилоят. Дар идома афзуд, ки “Мо дастур додем, ки дар кадом мактаб ҳолати худкушиву худсӯзӣ шуд, сардори мактабу роҳбари синфи он ҳуқуқи маънавии дар ин мактаб кор карданро надорад. Барои ҳамин, ҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунем гуфтам ва ҳам дар мактабҳо мо иҷозаи кор карданро намедиҳем».
Раиси вилояти Суғд дар охир даъват кард, ки хабарнигорон дар воқеоти марбут ба ҳодисаи худкӯширо камтар нависанд, зеро ба бовари ӯ “дар бораи худкушию худсӯзӣ зиёдтар гуфтем, нишондиҳандаҳо ба ҷойи кам шудан, зиёд мешаванд. Мо то ҳатто ба ниҳодҳои дахлдор гуфтем, ки ба ҳар як ҳолати худкушиву худсӯзӣ парвандаи ҷиноӣ боз менамоед”.
http://www.pressa.tj/article/kodiri-az-habarnigoron-davat-kard-dar-borai-hudkushi-kamtar-navisand