Бордюжа: Сомонаҳои таблиғкунандаи ҷангро мебандем!

Дабири кули СПАД, Николай Бордюжа зимни баргузории ҷаласаи навбатии он аз ифшои 57 ҳазор сомоние, ки барои таблиғу таҳрики муҷоҳиддин ба Сурияву Ироқ сабаб мешуданд, ёдоварӣ кард.

— Амалиёти Прокси, ки ахиран бомуваффақият роҳандозӣ шуд, бештар аз 57 ҳазор сомонаҳои истихдомкунандаи шаҳрвандонро фош кард, ки ҳамаи онҳо ба амнияти миллии кишварҳои минтақа таҳдид мекарданд. Фаъолияти 50 ҳазори ин сомонаҳо қатъ карда шуда, иддае аз онҳо ҳоло омӯхта мешаванд,- гуфтааст ҷаноби Бордюжа.

Рӯзи 15-уми моҳи ҷорӣ дар ҷаласаи мазкур Бордюжа инзҳор дошт, ки ҳамаи сомонаҳои гуфташуда, шаҳрвандони Осиёи Марказиро ба ҷангҳои дар Сурияву Ироқ буда ташвиқ мекунанд ва барои ҷалби онҳо сайъ мекунанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки яке аз сабабҳои ба Давлати исломӣ пайвастани ҷавонон ҳамин сомонаҳо мебошанд.

Бордюжа дар охир аз зиёд шудани сомонаҳои интернетӣ ва таблиғу ташвиқи зӯроварӣ ва экстрместӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард.

 

http://faraj.tj/news/10806-bordyuzha-somona1203oi-tabli1171kunandai-1207angro-mebandem.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *