Суди шаҳри Ваҳдат даъвои Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати “Тоҷик Эйр”-ро алайҳи рӯзномаи “ИмрӯзNews” ба далели беасос буданаш рад кард.
Дар ин бора Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзNews” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Назири Нусрат қаблан Ҳокимшо Тиллоев “ИмрӯзNews”-ро барои матлаби “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев наҷот диҳед”, ки моҳи июли соли гузашта нашр шуд, ба суд кашид. Дар ин матлаб баҳси молумулкии Тиллоев бо сокинони ноҳияи Варзоб баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ин сокинон Тиллоев хостааст, қисме аз заминҳои ин сокинонро харидорӣ кунад ва чун муваффақ нашудааст, тавассути суд ин корро ҳал карданӣ шудааст, аммо суд низ ин даъвояшро рад кардааст.
Назири Нусрат мегӯяд, дар пайи нашри матлаби “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев” наҷот диҳед, вокуниши Тиллоевро низ чоп кардаанд. Аммо Тиллоев бо ин қонеъ нашуда, тариқи додгоҳ аз сокинони Варзоб ҷуброни зарари маънавӣ ва аз рӯзнома нашри раддияро талаб кардааст, ки суд онро рад кардааст.