Суди шаҳри Ваҳдат даъвои Ҳокимшо Тиллоевро алайҳи рӯзномаи “ИмрӯзNews» рад кардааст.
Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзнома гуфт, ки суди шаҳри Ваҳдат дар намояндагии Иноят Иноятов, ваколатдори Ҳокимшо Тиллоев, собиқ директори ширкати “Тоҷикэйр” даъво бо далели беасос будан, рад кард.
Қазия миёни рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва Ҳокимшо Тиллоев моҳи апрели соли равон бо нашри матлабе таҳти унвони “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев наҷот диҳед” ба миён омада буд.
Дар матлаб ба қалами сокинони ноҳияи Варзоб Раҷабова Санавбар, Раҷабов Раҷабалӣ ва Раҷабов Муродалӣ тааллуқ дошт, ки бо Тиллоев баҳси молумулкӣ доштаанд.
Баъд аз нашри ин матлаб рӯзномаи “ИмрӯзNews” вокуниши Тиллоевро дар 2 шумора ба нашр расонид, аммо собиқ роҳбари “ТоҷикЭйр” ба ин иктифо накарда, алайҳи нашрия ба суд даъво бурда, аз сокинони Варзоб 200 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ талаб дошт.
http://tojnews.tj/tj/news/sud-davoi-beasosi-direktori-sobiki-tochikeyr-alaykhi-imruznews-ro-rad-kard