Сӯҳбати Мансурзода аз узру бедор шудани «парвандаҳои хобида»

Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ барои сари вақт нишон надодани вокунишҳо аз ҷониби Додгоҳии Олии иқтисодии Тоҷикистон ба мақолаҳои интиқодии расонаҳои дохилии кишвар узр пурсид.

Ӯ изҳори омодагӣ намуд, ки оянда ба ҳамаи мақолаҳои интиқодӣ ҳатман ҷавоб медиҳанд.

— Агар дар ягон расона нисбати мо мақолаи интиқодӣ чоп шуда бошад ва мо ҷавоб ирсол накарда бошем, ман шахсан узр мепурсам. Ин супориши ҳатмии Ҷаноби Олӣ аст, ки онро ҳаргиз сарфи назар набояд кард,- афзуд ӯ.

Мансурзода ҳамчунин дар идомаи сӯҳбаташ аз фаъолият ва рафтору кирдори баъзе аз судяҳо изҳори нигаронӣ кард. Ба қавли ӯ, дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки дар нимсола 279 шаҳрвандро худаш шахсан қабул кардааст, ҳатто аз рафтору кирдори судяҳо низ ба ӯ шикоят овардаанд. Ва роҳбарият нисбати онҳо аллакай чораандешӣ ҳам кардааст.

Аммо Мансурзода ба таври ошкоро аз судяҳое, ки нисбати шикояти шаҳрвандон бемасъулиятӣ нишон додаанд, ном набурд. Танҳо ишора ба он кард, ки «мо сари вақт роҳи ҳалро ба шаҳрвандон нишон медиҳем ва чораандешӣ мекунем».

Ӯ инчунин маҳорату касбияти судяҳои ҷавонро таъриф карда, малакаи онҳоро бо парвандаҳои замони судяҳое, ки ҳоло ба нафақа рафтаанд, муқоиса намуд. Ӯ гуфт: «Маҳз маҳорату дониш ва савияи баланди касбии онҳо нишон дод, ки бекоршавии парвандаҳо то 0,2 фоиз поён фаромадааст. Зеро қаблан аксарияти парвандаҳо солҳо «хоб» мерафтанд.

Раиси додгоҳ ба қазия ва баҳси давомдор миёни ширкати «Babilon-Mobile» ва Кумитаи андоз бар сари пардохти 341 миллион сомонӣ ҳам, ки ба нафъи ин кумита ҳал шудааст, ибрози назар кард.

 

http://faraj.tj/news/9988-s12631203bati-mansurzoda-az-uzru-bedor-shudani-parvanda1203oi-hobida.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *