Аз 11- уми июл инҷониб нишастҳои матботии вазорату кумита ва муассисаҳои давлатӣ ҷараён доранд.
Гуфтанист, ки ин гуна нишастҳо дар як сол ду маротиба баргузор мегардад, ки тамоми масъулини ниҳодҳои ҳукуматӣ самти фаъолияти солонаи худро ба рӯзноманигорон дар шакли маърӯза пешниҳод мекунанд. Бештари рӯзноманигорон аз нагирифтани посухи муносиб аз ҷониби масъулин шикоят мекунанд ва дар навбати худ масъулин худи рӯзноманигоронро бо додани суолҳои сатҳӣ гунаҳгор меҳисобанд. Дар бастагӣ ба мавзӯ назари якчанд хабарнигорони расонаҳои гуногунро меорем, ки нишастҳои матбуотиро баҳогузорӣ кардаанд. Суоли ин ҳафтаинаи Самак ба соҳибназарон чунин аст:
Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори «Авесто»:
Мегӯянд, ки нишастҳо якмаром мегузарад. Ман мегӯям, ки худатон якмаромед. Чаро, ки мебинам баъзе ҳамкасбони мо ҳатто саволро дуруст дода наметавонанд. Дар чунин ҳолат баъзан назди вазирон ва раисон шарми кас меояд. Қонеъ кардан ва ё накардани нишасти матбуотӣ ин ба худи журналист вобаста аст. Саволи дақиқ ҳамеша ҷавоби дақиқ дорад. Ман шахсан ҳамеша посухи саволамро мегирам. Агар дар нишаст қонеъ нашудам, аз ҷавоб, ҳатман баъди нишаст бо вазир ва ё раиси идора ва ё кумита суҳбат мекунам.
Муҳаммад Тилавзода, хабарнигори торномаи «Озодагон»:
Нахуст инро гуфтаниям, ки ҳамин нишастхо ҳастанд, ки ҳамкории моро бо мақомот ва вазорату идораҳо боз ҳам наздиктар мекунанд. Дар нишастҳои тамоми ниҳодҳо ширкат надоштам, вале дар чанд вазорату идорае, ки будам тақрибан аз нишастҳои қаблӣ тафовути камтар дошт. Вале инро пай бурдан мумкин аст, ки масъулин дигар кам ба вақт аҳамият медодагӣ шудаанд, солҳои гузашта баъзан вақт тамом шуд гуфта ба суолҳои боқимонда посух намегуфтанд, аммо имсол мушоҳида мешавад то суоли охирин посух мегӯянд. Ҳастанд ҳолатҳое, масалан гурез аз суол ё пурра ҷавоб нагуфтани суол, гумон мекунам бо гузашти вақт ҳамкориҳои ВАО тариқи чунин нишастҳо боз ҳам қавӣ гаштаву масъулин ба суолҳо ҷавобҳои қонеъкунанда хоҳанд дод.
Сарвиноз Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои «Озодӣ»:
Росташро гӯям не. Чун ман пас аз ширкат дар се нишасти матбуотӣ ба ин хулоса расидам, ки танҳо вақт сарф мешаваду халос. Ҳатто дар ҷои кор гуфтам, ки ман дигар нишаст намеравам. Бовар кунед агар журналист мавзӯи хуб ёбаду пайгирӣ кунад ҳазорон маротиба беҳтар аз он ки фурсатро барои шунидани ҳисоботи вазирону раисон масраф мекунад.
Ман солҳои пеш зиёд мерафтам вале имсол ба ин хулоса расидам, ки нишастҳо ҳарфи нав надорад ва ним соати дигар ҳамон варақаи матбуотиро мехонанду барои саволу ҷавоб фурсат кам мемонад. Болои ин раҳбарон ба суолҳои хабарнигорон посухи дақиқ намедиҳанд ва бо ҳар баҳона аз посухи аслӣ ба суол мегурезанд.
Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигори ҳафтаномаи «СССР»:
Нишастҳои имсола буҳрони матбуотӣ доранд. Худам ҳам як чиз дар ин бора нишастҳои бемаънӣ навиштанӣ ҳастам. Айб ҳам дар мо аст ва ҳам дар масъулин. Масалан, дар нишасти Вазорати маориф, ки 1 соату 40 дақиқа давом дошт, аксари ҳамкорон мушкилоти худро матраҳ карданд ва шояд ҳам дуруст бошад.
раиси Кумитаи дин бошад чунон ба назар мерасид, ки аслан аз кори кумита хабар надорад ва ҳамеша механдид.
Дар Хадамоти гумрук низ ҳамин тавр ягон ҷавоби мушаххас набуд, ба ҷуз ҷавоб ба суол дар бораи бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб. Хуллас ҳам мо фаъол нестему суолҳои хуб ва дар ҳақиқат проблемавӣ бударо намебардорем ва ҳам масъулин низ ин нишастҳоро мисле барои «галочка» мегузаронанду халос.
Дар Вазорати кишоварзӣ низ чунин буд ё вазир Сатторӣ дар бораи соҳааш хабар надорад ва ё гуфта наметавонад, зеро Вазорати кишоварзӣ имрӯз дар даст ягон фишанги ҷиддӣ надорад ва масъулинро, хусусан вобаста ба нарху навои бозор аз душ мегирад. Дар аксари нишастҳо суолҳои дур аз соҳа дода мешаванду ҷавобҳои вазирон низ подарҳаво яке аз роғу дигаре аз боғро мемонад…
Азамат Дӯстов, рӯзноманигори «Минбари халқ»:
Хуб, дар ин масъала метавон зиёд мулоҳизаронӣ намуд, аммо, ба ҳар ҳол, мухтасаран ҷавоб хоҳам дод. Дар нишастҳои матбуотӣ мо худ шоҳиди он ҳастем, ки раҳбарон ва масъулини ниҳод то чӣ андоза аз фаъолияти мақомоти хеш огаҳӣ доранд ва дорои чӣ сатҳи касбият ҳастанд. Метавон дид, ки баъзе аз роҳбарон бо донистани мавзуъ бо рӯзноманигорон суҳбат дойир месозанд, аммо бархеи дигар аз нишастҳои матбуотӣ канораҷӯӣ мекунанд ва зердастони худро масъули кори нишаст мекунанд. Қаноатманд будан ё набудан аз посухҳои масъулин мавзӯи алоҳида аст, чун сатҳи касбияти ҳар роҳбар аз ҳам тавофут дорад. Ин нигоҳ нигоҳи фардист, чун дар як нишаст метавон посухи қаноатбахш гирифт, дар дигараш на. Ба ҳар ҳол, нишастҳои матбуотӣ имрӯз як андоза дидгоҳи мусбиро касб намудаанд, чун дар ин чанд соле, ки бо супориши Сарвари кишвар ниҳоди кишвар вазифадор шуданд, ки фаъолияти давравии худро дар матбуот инъикос кунанд, масъулин гуфтугӯи касбӣ намудан бо рӯзноманигоронро аз худ кардаанд, ки ин хуб аст. Масъалаи саҳеҳ будани нишондоди омории мақомоту ниҳоди кишвар мавзӯи дигарест, ки пурра ба виҷдони масъулини соҳа вобастагӣ дорад. Ба ҳар ҳол, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта, роҳандозӣ намудани чунин нишастҳои матбуотӣ амали он қадар бад нест, ки раҳбарону масъулинро то ҳадде дар ҳолати «бедорӣ» дар лобалои суолҳои сахти рӯзноманигорон қарор медиҳад ва маҷбур месозанд, ки дар вазифаи худ, қадре ҳам бошад, масъул бошанд.
Одили Нозир, рӯзноманигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон»:
Аслан, аз рӯйи инсоф нигоҳ кунем, солҳои охир ҳама мақомотҳо аз рӯйи нақша ва бе «ғиромбозӣ» нишаст мегузаронанд. Нишасти матбуотӣ чӣ гуна мегузарад – гарм ё сард аз журналистон, ҳам сахт вобаста аст, ки чӣ гуна саволҳо медиҳанд. Мутаассифона, журналистони ҳирфаӣ ба нишастҳо, ки кам мераванд, бинобар ин ҳамкасбони ҷавон ё ғайриҳирфаиамон, баъзан вақт бо суолҳои подарҳаво дар нишастҳо сурху сафедамон мекунанд. Дуюм, як идда аз журналистоне ҳастанд, ки дар нишаст проблемаҳои шахсиашонро матраҳ мекунанд, мисол ба вазири маориф ҳама мушкили мактаб ё боғчаеро бардошт, ки фарзандаш мехонад ва дар тандурустӣ беморие, ки худи журналистон гирифиторанд. Бо вуҷуди ин аз солҳои пешин нишастҳо на он қадар бад мегузаранд. Дигар журналистон ҳадду ҳудудро медонанд, роҳбарон низ. Ягон чизи ғайримаъмулӣ ва ё ногаҳонӣ нест.