Журналист 30 ҳазор сомонӣ ҷарима медиҳад?

Баргузории мурофиаи судии Ҳасан Шокирзода, собиқхабарнигориҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз рӯи шикояти КВД «Обу корези Душанбе» дар Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба рӯзи 8-уми сентябр мавқуф гузошта шуд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои пешакӣ, парванда дар истеҳсолоти судӣ қарор дода шуда, судя Абдураҳмонзода Бахтиёр ба он доварӣхоҳад кард.

Тавре Абдураҳмон Шарипов, адвокати Ҳасан Шокирзода дар сӯҳбат бо Faraj.tj гуфт, имрӯз тарафи даъвогар, намояндагони КВД «Обу корези Душанбе» ва тарафи ҷавобгар дар утоқи кории судя даъват карда шуда, марҳилаи омодасозӣ барои баргузории мурофиаи судӣгузаронида шуд.

— Дар марҳилаи омодасозӣ раисикунанда бояд ба тарафҳо арзу шикояти пешниҳодшударо супорад, то тарафҳо имкон пайдо намоянд бо онҳо шинос шаванд ва фикру мулоҳизаҳояшонро пешниҳод кунанд. Баъдан дар марҳилаи омодасозӣ масъалаи асосӣ бояд дар қисми созиши тарафҳо масъалагузорӣ карда шавад. Лекин дар ин мурофиа масъалаи созиши тарафҳо ба миён гузошта нашуд. Намояндаи даъвогар, яъне «Обу корезии Душанбе» гуфтанд, ки мурофиа таъин шаваду баррасӣ карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки намояндагони тарафи даъвогар созиш карданӣ нестанд. Дар навбати худ мо низ созиш карданӣ нестем ва даъво дорем, ки бинобар асос надоштани даъво парванда қатъ карда шавад,- афзуд адвокат.

Аммо баръакси ҷавобгарон, намояндагони тарафи даъвогар, КВД «Обу корези Душанбе», ки худро таҳқиршуда меҳисобанд, натанҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон канораҷӯӣ намуданду худро шинос накарданд, балки яке аз онҳо бо дағалгуфторӣ худро аз мо дур карда, таъкид намуд, ки «дар рафти мурофиа шинос хоҳем шуд».

Вале зимни сӯҳбати сарироҳӣ, ки бо душворӣ даст дод, намояндаи дигари ин корхона иброз намуд: «Ман кабинет дорам, дар кӯча гап намезанам».

Аммо ӯ бо боварии комил қайд намуд, ки «дар тамоми нуқтаҳои шаҳри Душанбе об ҳаст ва фишораш ҳам нағз аст. Ягон камбудӣ аз тарафи корхонаи мо нест. Агар тавонанд, «доказат» кунанд, ки дар куҷо об нест».

Ин масъули КВД «Обу корези Душанбе» аз сарҳади хизматрасониҳои ниҳодаш ёдовар шуда, гуфт, ки «водоканал вазифадор нест то даруни хонаҳои сокинон обро таъмин намояд». Вале ин масъул ба ҳеҷваҷҳ шарҳ додан нахост, ки чаро онҳо ният карданд бо гузашти беш аз 6 моҳ, баъди чопи мақола муаллифро ба суд диҳанд.

Аммо Ҳасан Шокирзода мегӯяд, ки ин ниҳод баъди ислоҳи камбудиҳо дар маҳаллаҳои зикргардида, ба ин кор «иқдом» кардааст.

Ёдовар мешавем, Ҳасан Шокирзода, собиқ хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва муаллифи мақолаи ҷанҷолбарангези «Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?», баъди он, ки мақолаи ӯ дар таърихи 18-уми декабри соли 2014 ба нашр расид, раҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе»-ро ба хашм овард. Муаллиф матлаби худро «памфлет» меномад, ки бар асоси фактҳои воқеии мушкили дастрасӣба об дар сохтмонҳои бисёрошёна дар ҳудуди Душанбе иншо кардааст. Вай мегӯяд, дар ин мақола масъалаи ба ошёнаҳои баланди пойтахт нарасидани об матраҳ шуда, назари сокинони манзилҳои истиқоматӣва дигар факту далелҳои воқеӣ истифода шудаанд. Дар матлаб вазъи чаҳор маҳаллаи Душанбе, аз ҷумла «Якум Советский», маҳаллаи Сирк, Яккачинор ва «Дустӣ» тасвир шудааст.

КВД «Обу корези Душанбе» дар аризаи даъвогиаш ба суд зикр кардааст, ки дар давоми чанд моҳи баъди нашри ин мақола муассисаи давлатӣ фактҳои дар матлаби «Тоҷикистон» овардашударо мӯшикофона санҷида, маълум кардааст, ки «на ҳамаи сокинони ин маҳаллаҳо, балки баъзеашон» аз набуди об азият мекашанд. Бинобар ин, бо сабаби ҷой надоштани камбудиҳо дар самти таъминоти об ба аҳолии шаҳр КВД «Обу корези Душанбе» худашро таҳқиршудаҳисобида, аз рӯзноманигор 30 000 сомонӣ ҷаримаи зарари маънавӣталаб кардааст.

РӯзноманигорҲасан Шокирзода мегӯяд, замони нашри мақола муҳим аст, ба он хотир, ки фактҳои то ба ошёнаҳои баланд нарасидани об моҳи декабрро дар бар мегирад ва вазъи баландошёнаҳоро дар фасли зимистон тасвир мекунад. Ҳолоӯ умедвор аст, ки дар мурофиаи судӣдурустии далелҳои дар мақола нашркардаашро собит мекунад.

Дар робита ба баҳсиҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо КВД «Обу корези Душанбе» НАНСМИТ — Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Сӯҳроб Пулотов — вакили дифоъро барои ҳимоятиҳуқуқи журналист сафарбар кардааст.

 

http://faraj.tj/news/10647-zhurnalist-30-1203azor-somon1251-1207arima-medi1203ad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *