Хуҷанд: Мизи мудаввар оид ба пахши рақамӣ

Бо ташаббуси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ ва ҳимояи фазои иттилоотӣ» доир гардид.

Дар мизи мудаввар муовинони расиони шаҳру навоҳии наздисарҳадии вилоят, масъулони бахши идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори чопиву электронӣширкат намуданд.

Раиси Ассотсиатсия Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ки ин дуввумин чорабиниест, ки ба хотири беҳтар намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣбобати гузариш ба пахши рақамӣ гузаронида мешавад ва ҳадафи асосӣкоркарди тавсияҳо оид ба вусъати иттилоотонии аҳолӣ оид ба ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ ва густариши ҳамкории мақомоти давлативуҷамъиятӣ дар ин мавзӯъ мебошад.

Мудири шӯъбаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Музаффар Юнусов иқдоми Ассосиатсияро қадами муҳим дар рушдиҳамкориҳои ҷонибҳои манфиатдор ба рушди бозори телевизионӣдонист.

Сипас, раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунадагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ Зинатулло Исмоилов дар мавзӯи «Нақш ва зарфияти шабакаҳои мустақили телевизионӣ» муаррифии худро пешниҳод кард. Қайд шуд, ки баробари шабакаҳои давлатӣ дар пурра сохтани фазои иттилоотии кишвар саҳми ташкилотиғайридавлатии телевизиониву радиоӣ низ назаррас аст. Ин аст, ки дар марҳалаи гузариш ба шакли нави пахши барномаҳо шабакаҳои мустақили маҳаллӣ, ки манбаи муҳиму алтернативии дастрасӣ ба ахбори маҳаллӣ мебошанд, бояд ҳимоя шаванд.

Оид ба вазъи кунунии гузариш ба пахши рақамӣ дар вилоят сармуҳандиси маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии рақами 2 Алишер Пӯлодов маълумот пешниҳод намуд. Номбурда иброз дошт, ки айни ҳол дар вилоят ба ҷуз 5 шабакаи умумиҷумҳуриявӣ ва вилоятии давлатӣ ду шабакаи мустақили маҳаллӣ низ барномаҳояшонро ба таври тестӣпешниҳод месозанд. Директори яке аз ин шабакаҳо Аъзамхон Акбаров зимни баромади худ изҳор дошт, ки ташаккули пахши рақамӣ ба вусъати маъракаи иттилотоии аҳолӣ сахт марбут аст. Зеро ҳоло теъдоди ками аҳолӣ аз гузариш ба формати нави пахши барномаҳои телевизионӣ огоҳ ҳастанд.

Директори ширкати радио ва рекаламаи «Тироз» ХуршедҷонӮлмасов заминаҳои рушд ва инкишофи шабакаҳои мустақили телевизиониву радиоии вилоятро таҳлил намуда, роҷеъ ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи ВАО-и электронии вилоят пешниҳодҳои мушаххас иброз дошт.

Сипас, муовини раиси шаҳри Исфара Таборакхон Файзуллоева, мудири шӯъбаи дастгоҳи раиси ноҳияи СпитаменҲафизулло Раҷабов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоии ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷонов, намояндаиҳукумати ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов Шӯҳрат Набиев, мудири шӯъбаи ҳукумати шаҳри Конибодом Баҳодур Маҳмудов оид ба вазъи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шаҳру ноҳияҳои худ маълумот дода, зарурати ривоҷи ҳамкориҳоро бобати пурра намудани фазои иттилоотии вилоят таъкид сохтанд.

Ҳозирин таъкид намуданд, ки нақши шабакаҳои маҳаллии мустақил дар ин бобат назаррас аст ва онҳоро дастгирӣ намудан фақат ба манфиат аст.

Дар охир иштирокчиёни мизи мудавввар тавсияҳои худро оид ба рушди шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар марҳалаи гузариш ба пахши рақамӣ таҳия ва ба мақомоти ҷумҳуриявӣ ва вилоятии ҳокимияти давлатӣпешниҳод сохтанд.

 

http://faraj.tj/news/10046-hu1207and-mizi-mudavvar-oid-ba-pahshi-ra1179am1251.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *