«Хомаи созанда — 2015»- озмун барои журналистони суғдӣ

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хома созанда — 2015» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рузноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд гузаронида мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳанд, мақсади баргузории озмун ин дастгирии рузноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму оин ва арзишҳои миллӣ фаъолона ширкат меварзанд, мебошад.

Маводи журналистии ба Озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2015» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардида бошад.

Талаботҳои асосӣ ин: аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ; риояи меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ; далелнокӣ, аслияти баён ва умқи ифшои мавзӯъ; фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо мебошанд.

Ғолибони Озмун бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ аз 1000 то 4000 сомонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.

 

http://faraj.tj/news/11054-homai-sozanda-2015-ozmun-baroi-zhurnalistoni-su1171d1251.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *