ВИДЕО: Даргузашти журналист-тадқиқотгари шабакаи аввал

Бахтиёр Сафаров, журналист-тадқиқотгари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бар асари фишори баланди хун даргузашт.

Тавре наздикони Сафаров ба “Озодагон” иттилоъ доданд, марҳум дар синни 47-солагӣ дар беморхонаи Ёрии таъҷилӣ бар асари фишорбаландӣ аз олам чашм пӯшид: “Маросими дафни Сафаров дар шаҳри Кӯлоб баъди зуҳри 21 ноябр доир гардид”.

Бахтиёр Сафаров, писари Ашӯр Сафар, шоири халқии Тоҷикистон, дар доираи барномаи «Тадқиқоти журналист»-и “Шабакаи аввал” бештар матолиби таҳлилӣ таҳия мекард. Охирин барномаи таҳиякардаи Бахтиёр Сафаров — “Бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар мавзеъҳои хатарнок” мебошад, ки тариқи шабакаи аввал пахш гардид.

 

http://www.ozodagon.tj/24227-video-darguzashti-zhurnalist-tadiotgari-shabakai-avval.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *