Сироҷидин Аслов сабаби ба журналистон дастнорас буданашро дар ноӯҳдабароии сардори Раёсати иттолооти ниҳодаш дониста, гуфт ки ӯро зери интиқод қарор диҳед.
Ин нуктаро Аслов зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ Атоев шахси масъул аст барои барпо кардани мусоҳибаву амсоли он.
Ин дар ҳолест, ки Вазири корҳои хориҷа қариб 6 моҳ аст аз мусоҳиба додан ба расонаҳои дохилӣ мегурезад ва вазорат ба дархости рӯзноманигорон посухи мусбӣ намедиҳад.
Бояд гуфт, ки ҳафтае пеш Аслов бо ВАО — и Ҷумҳурии Халқии Чин мусоҳиба анҷом дода буд, ки он дар сомонаи вазорат ҷой дода шудааст.
http://faraj.tj/news/10129-vazir-abdulfayz-atoevro-zeri-tan1179id-1179aror-di1203ed.html