Ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба алоқа ва интернет дар ҳолатҳои зарурӣ дар Тоҷикистонро вакилон ҷомаи қонунӣ мепӯшонанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 16-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро баррасӣ кардаанд.
Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, дар ҳолати қабул шудани он, дар ҳолатҳои зарурӣ ниҳодҳо қудратӣ ҳақ доранд дастрасӣ ба алоқа ва интернет дар тамоми қаламрави кишвар ё минтақаеро масдуд намоянд.
Тағйирот ба қисми 3 моддаи 20-и қонуни мазкур нишон медиҳад, ки “бо дархости субъекти асосии бевосита ба зидди терроризм муборизабаранда дар минтақаи амалиёти зидди террористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои гуногуни он хизматрасонӣ тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он метавонанд, муваққатан боздошта шавад”.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди тероризм” аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мувофиқа бо дигар ниҳодҳо таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба Парлумон пешниҳод шудааст.
Қаблан, ҳангоми гузаронида амалиётҳои ҳарбӣ алоқа дар ин ё минтақа қатъ гашта буд. Нахуст соли 2010 ҳангоми безарар кардани гурӯҳҳои терористии Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар Рашт алоқаи телефонӣ як муддат қатъ шуд. Инчунин, зимни гузаронидани амалиётҳои низомӣ дар Бадахшон дар соли 2012 алоқаи мобилӣ ва Интернет низ ба ин вилоят дастнорас шуд. Дар моҳи октябри соли гузашта овозаҳо дар бораи баргузор шудани митинг дар Душанбе мақомот аз ин амал кор гирифта буданд. Дар моҳи сентябри соли равон зимни амалиёти мақомот алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим хидматрасонии sms аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ дастнорас шуда буд. Бештар вақт дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук ва видеопортали Ютюб бидуни шарҳи сабабе дар Тоҷикистон масдуд мешавад.