Барномаи USAID доир ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон барои 30 нафар рӯзноманигорони расонаҳои кишвар дар мавзӯи “Роҳҳои беҳтар кардани инъикоси масоили иҷтимоӣ, махсусан бемории сил дар расонаҳои хабарӣ” семинари омӯзишӣ доир мекунад.
Дар ин мастер-класс (тренинги омӯзишӣ), ки дар ҳамоҳангӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон давоми рӯзҳои 30-юми июн ва 1-уми июл дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор мегардад, Сирил Карте, журналисти байналмиллалӣ аз кишвари Хорватия ба журналистони минтақаҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе дар бораи матлабҳои ҷолибтарин ва роҳҳои ҷолибтар кардани хабар, гузориш, шарҳ ва мақола барои хонанда, бинанда ва шунаванда, инчунин нишонаҳои матлаби хуб дар бораи бемории сил дарс хоҳад гуфт.
Намояндагони ин ташкилоти байналмиллалӣ ҳадафи барномаи USAID-ро оид ба мубориза бар зидди бемории сил пешгирии паҳншавии ин беморӣ ва инкишофи шакли васеи мутобиқат ба доруҳои зиддисилӣ тавассути таъмини бештари ташхиси самарабахш ва дастрасӣ ба табобати бемории сил барои ҳамаи аҳолӣ, аз ҷумла шахсони осебпазир дар Осиёи Марказӣ унвон мекунанд.
Гуфта мешавад, беҳтар намудани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасониҳои ҳамаҷонибаи ташхис ва табобати бемории сил, таъмини саривақтӣ ва сифатноки ташхиси лабаратории ин беморӣ ва шакли васеи мутобиқат ба доруҳои зиддисилӣ, рушди хизматрасониҳо оид ба мубориза бар зидди бемории сил мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ аз яке мақсадҳо ва ҳадафҳои асосии барномаи USAID дар Тоҷикистон мебошад.
Ин барнома дар кишварҳои Узбекистон ва Тоҷикистон фаъолият дошта, иҷроиши онро Ташкилоти Project HOPE ба зимма дорад. Маблағгузории лоиҳаи барнома аз ҷониби Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми 13,2 миллион доллар барои Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Муҳлати иҷроиши лоиҳаи барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2014 то августи соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.