Фридом Ҳаус ва ё Хонаи Озодӣ гуфт, соли 2016 бо нерӯмандтар шудани ҳукуматҳои худкома дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон ва сар боло кардани “нерӯҳои шӯҳратталаб ва миллатгаро” дар кишварҳои демократии ғарбӣ таҳдид ба ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ бештар шудааст.
Дар гузориши созмон бо номи «Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2017» омадааст, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 67 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таназзул ёфтааст ва беҳбудӣ фақат дар 36 кишвар мушоҳида шудааст. Хонаи Озодӣ дар маҷмӯъ вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон дар 195 кишварро арзёбӣ кардааст.
Ба гуфтаи созмон, яке аз кишварҳое, ки вазъ дар он зиёд бад шудааст, Русия аст. “Русия бо намоиши такондиҳандаи густохӣ ва хусумат ба ҷараёнҳои сиёсии Амрико ва дигар кишварҳо дахолат кард, кӯмаки низомӣ ба диктатори Сурияро зиёд кард ва ғасби қаламрави Украинаро тақвият бахшид”. Айни замон ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, Маскав фазо барои гуногунандешӣ ва мухолифони сиёсиро дар дохил тангтар кардааст.
Сара Репуччӣ, сухангӯи созмон дар шаҳри Ню Йорк мегӯяд, озодиҳо то кунун фазои табъизомез дошт ва вазъ ҳар сол бадтар мешавад. “Мо имсол бахусус аз идораи интихоботи порлумонӣ ва интихоботи маҷлисҳои минтақавӣ ва маҳви мухолифони озодандеш дар маҷлисҳо нигарон ҳастем. Ҳам аз онки созмонҳои ғайриҳукуматиро “гумоштаи хориҷӣ” ё ғайриқобили қабул номида аз ин роҳ созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ё садоҳои мустақилро хомӯш карданд.”
Айни замон ба гуфтаи Фридом Ҳаус, сар баланд кардани нерӯҳои миллатгаро ва шӯҳратталаб (популист) дар кишварҳои демократӣ, сабаби таназзули озодиҳо дар саросари ҷаҳон шудааст. “Мо бо саркӯбҳои афзоянда дар кишварҳои худкома ошно ҳастем, вале таназзули озодиҳо дар кишварҳои озоди ҷаҳон, осори худро ба таназзули озодиҳо дар саросари ҷаҳон мегузорад.”
Хонаи Озодӣ дар бораи авзои ҳуқуқи инсон ва озодиҳо дар кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукуматҳо дар ин минтақа “дар миёни нобасомониҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барои тақвияти нерӯи худ гомҳои дигар бардоштаанд.”
Элен Агекиён, намояндаи созмон гуфт, ки озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 2016 маҳдуд шудаанд ва кишвар дар гузориши имсола нишондодҳои бисёр бад дорад. “Маҳдудтар шудани ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ, маҳви комили садои мухолифон, расонаҳои мухолифон, расонаҳои мустақил, хомӯш кардани ҷомеаи маданӣ мушоҳида шуд.” – гуфт Элен Агекиён ба Радиои Озодӣ.
Дар гузориши созмон ҳамчунин омадааст, ки “раъйпурсӣ роҳи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳукумати номаҳдуд дар кишвар боз мекунад ва поин овардани синни номзад ба мақоми президент, як ҳаракате барои ҷойгузини худ кардани писараш аст”.
Дар ин гузориш маҳкум ба зиндон шудани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар соли гузаштаро ҳам зикр кардаанд. Хонаи Озодӣ дар маҷмӯъ бо 49 кишварро “ноозод” номидааст, ки 36 дар сади аҳолии кураи Замин дар онҳо зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистон ҳам дар байни ҳамин кишварҳои ноозод аст.
Туркманистону Узбакистон дар байни 11 кишваре ҳастанд, ки вазъи озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ дар онҳо дар муқоиса бо Тоҷикистон ҳам бадтар будааст.
http://www.ozodi.org/a/fredom-house-annual-report-about-tajikistan/28268138.html