Тоҷикистон насби «радиоузелҳо»-ро ҳатмӣ кардааст

Мақомоти Тоҷикистон ба насби «радиоузелҳо» дар кулли навоҳӣ, назди дӯконҳо, нуқтаҳои фӯрӯши сӯзишворӣ, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ шурӯъ кардаанд. Насби «радоиузелҳо» тибқи як дастури дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон сурат мегирад ва, бино ба иттилои дарёфтии мо, асосан барномаи радиои Тоҷикистону Ховар аз тариқи он пахш хоҳад шуд.

Раисони баъзе ҷамоатҳои ноҳияи Варзобу Сангвор (Тавилдараи собиқ) ва Панҷ рӯзи 14 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди чунин дастурро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки аллакай дар бисёре аз маконҳои ҷамъиятӣ «радиоузелҳо» насб карда шудаанд. Раҳмон Сандалов, раиси ҷамоати Санговори ноҳияи Сангвор, гуфт, «то ҳоло дар ду нуқта радиоузелҳо насб карда шуданд ва дар назар дорем, ки ба зудӣ дар маркази чор деҳаи дигар низ ин гуна «радиоузелҳо» гузорем.»

Дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ ҳам гуфтанд, дар ду нуқта радиоузелҳоро насб кардаанд. Усмон Ҷумъаев, раиси ин ҷамоат, гуфт, «аммо бинобар набуди нерӯи барқ онҳо кор намекунанд. Вақте барқ набошад, ин радиоузелҳо аз кор мемонанд.»

Бо назардошти набудани барқ, мақомот дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Варзоб ба моликони дӯкону фурӯшгоҳҳо дастур додаанд, то дастгоҳҳоеро насб кунанд, ки бидуни нерӯи барқ ва бо батареяҳо низ фаъол бошанд. Дар замони Шӯравӣ низ дар Тоҷикистон асосан дар симчӯбҳо, боғу гулгаштҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ин гуна радиоузелҳо фаъол буда ва тариқи он мавҷи Радиои Тоҷикистон пахш карда мешуд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон беш аз 15 радио фаъол аст, ки мавҷи аксарашон танҳо дар пойтахт ва навоҳии наздик ба он дастрас аст. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки мақомот бо насби «радиоузелҳо» таблиғи фаъолияташро бештар ба роҳ монданист ва аз ин тариқ мехоҳад, хабарҳои мувофиқи табъи дилашро зиёдтар ба гӯши мардум бирасонад.

Тафсилот нашр мешавад

http://www.ozodi.org/a/radio-tajikistan/28114198.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *