Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ғолиби Озмуни «Втандӯстӣ: идомаи анъанаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ-ба пешвози 70 солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ» дониста шуд. Ин озмун аз ҷониби Иттифоқи журналситони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, имрӯз дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дар ҷаласаи бахшида ба рӯзи забон ҷамъбаст гардид. Ҳамчунин ҳафтаномаи «Вечёрка» ва аз журналситони инфиродӣ Умари Шерхон, сазовори диплом шуданд.
Дар ин ҷаласа, ки таҳти роҳбарии Исмоилов Ёқуб, муовини авали раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор шуд, ҳамчунин Шариф Ҳамадамупур, Хуршеди Атовулло, Сайёфи Мизроб, Зиннатулло Исмоилов, Бурҳон Раҳмонов сазовори медали «70-солагии Ғалаба бар фашизм» шуданд.
Дар ҷаласа, Ёқуб Исмоилов дар мавриди забони тоҷикӣ суханронӣ карда, собиқадори телевизиону радио, наттоқи шинохта Бурҳон Раҳмонов, дар мавриди забони расонаҳо изҳори назар карданд.