Парлумони Тоҷикистон нуктаи баҳсбарангези иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, ки бар асоси он Вазорати фарҳанг бо дархости додситони кулл ва додситонҳои зертобеи ӯ метавонист фаъолияти расонаҳоро барои се моҳ қатъ кунад, қабул накард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон рӯзи 3 феврал дар иҷлосияи навбатии парлумон гуфт, ки ин тарҳ ҳоло ислоҳ шуда ва додситонӣ дархосташро на ба Вазоарти фарҳанг, ки масъули сабтиноми расонаҳост, балки бояд ба додгоҳ фиристад.
“Ин масъала мисли ҳар аризаи сокинон дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳоло тарҳ иваз шудааст ва набояд рӯзноманигорон хаовтир бошанд,” – гуфт ӯ.
Раиси маҷлиси Намяондагон дар идома аз Шамисддин орумебкзод, взаири фарҳанг низ пурсид, ки оё ҳангоми таҳияи ин тарҳ назари соҳибони нашрияҳо низ ба эътибор гифрта шудааст ё не? Баъдан ӯ хоҳиш кард, яке аз рӯзнонмаигорон, ки дар берун аз толори парлумон ҷараёни баҳсҳоро тариқи телевизион назоат доранд, вориди толор бишавад ва нукти назари хабарнигоронро бо вакилон дар миён гузорад.
http://www.pressa.tj/article/tarkhi-tagyiru-ilovakho-ba-konui-matbuot-kabul-shud