Ҷамъияти байналмилалии ҳамкории Олмон « GIZ» санаи 15-16 сентябри соли ҷорӣ барои рӯзноманигорон семинари омӯзишӣ дар мавӯи тағирёбии иқлим дар манотиқи куҳии Осиёи Марказӣ доир намуд.
Мақсад аз баргузории ин семинар пеш аз ҳама шинос
шудан бо мавзӯи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани механизмҳои зарурӣ барои иттилоотонии ҷомеа дар бораи мушкилоти тағйирёбии иқлим унвон карда шуд.
Дар семинари мазкур Клаудия Халлер, намояндаи Ҷамъияти байналмилалии ҳамкории Олмон « GIZ» ва Ҷамолиддин Яқубов, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
-Хабардор сохтан дар бораи мушкилоти тағйирёбии иқлим ва истифодаи равишиҳои гуногун барои мутобиқ шудан ба ин тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳим барои аҳолӣ мебошад. Дар раванди иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ, мақомоти маҳаллӣ ва марказӣ, ҷавонон ва ҷомеаи шахрвандӣ дар қарори масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим яке аз шартҳои муҳим иттилооти ВАО мебошад, ки пайдо намудани ҳалли ин масъала аз таҷрибаҳои бойи рузноманигорони худ истифода намудан мебошад, -гуфт Ангелина Давидова сармуҳаррири рӯзномаи «Камерсант».