Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар кишвар як қатор таъиноти кадрӣ ба амал оварда шуданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди сохтор Раҳматуллозода Сахидод — Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ниёзӣ Ёрмуҳаммад – Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Қудрат ба вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир – Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Фақеров Ҳамидуллохон – Ректори Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷӯрабоев Ҷамшед – Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Идиев Хайриддин- Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъин гардида, Латифзода Диловар аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.
Давлатзода Зевар аз вазифаи Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанг таъин гардид. Бо Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар — муовини Вазири фарҳанг, Саидов Носир – Дирекори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Шамсуддинзода Садриддин – Директори муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва Шамсиддинзода Субҳиддин – Директори телевизиони «Тоҷикистон» таъин гардиданд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд.
Ба вазифаи Сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.