Суди Гулмуродзода мавқуф гузошта шуд

Суди шаҳри Душанбе баррасии шикояти кассатсионӣ аз рӯйи парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзодаро, ки бояд имрӯз баргузор мегардид, то рӯзи 30-юми сентябр мавқуф гузошт.

Ёдрас мешавем, ки судяи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Исозода сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj Аминҷон Гулмуродзодаро бо дастрасии моддаи 340, қисми 2 банди а КҶ ҶТ барои сохтакории ҳуҷҷат барои ду сол маҳкуми зиндон кард. Журналист аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Ба қавли мақомоти тафтишот, ки он аз ҷониби суд дастгирӣ ёфт,Аминҷон Гулмуродзода гӯё дар синни шашсолагӣ соҳиби ду шаҳодатномаи қалбакӣ шуда, баъдтар дар асоси он шиноснома гирифта, онро чанд маротиба истифода бурдааст.

Аз тамоми хабарнигорони тоҷик даъват мешавад то дар мурофианавбатӣ  фаъолона ширкат карда, аз ҳамкасби хеш ҳимоя намоянд.

 

http://faraj.tj/news/10900-sudi-gulmurodzoda-mav1179uf-guzoshta-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *