«СОМОНА ДОШТАН НАМЕХОҲАНД, ЧАРО?»

(«Ҷумҳурият», 19 сентябри соли 2016)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар мақолаи танқидии «Сомона доштан намехоҳанд, чаро?» — ро бо масъулони дахлдори соҳа мавриди баррасӣ ва бозпурсии ҷиддӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолият супоришҳои мушаххас дод.

Мақомот нисбат ба ташаккул ва рушди иҷтимоиву техникие, ки дар он татбиқи фаъолонаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои ислоҳоти сохтори давлатӣ, расондани хизматҳои иттилоотии давлатӣ ва таҳким додани робитаҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ байни худ бо аҳолӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити мусоиду шаффоф ва механизми дахлдор равона гардидааст, ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани он аз ҳама шароитҳои мавҷуда истифода мебарад.
Ҷаббори ҒАФФОР, раиси ноҳияи Бохтар

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=27213

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *