Сирри маориф ё дурӯғи «Озодӣ»?

Бино ба гуфти расонаҳо, Вазорати маориф ва илм, зимни таҳияи як барнома ба хулосае омадаст, ки дар макотиби миёна ба ҷойи китобҳои дарсӣ истифодаи планшетҳо ва телефонҳоро роҳандозӣ кунад.

Радиои «Озодӣ» дар такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад, ки вазорат барои роҳандозии ин барномаи худ аллакай ҳазор дона планшетро аз ширкати «Технологияҳои инноватсионии Тоҷикистон»  харидорӣ карда, барои таҷриба дар як мактаб истифода мебурдааст.

Ин хабари «Озодӣ» дар ҳоле пахш шуд, ки Манучеҳр Неъматов, роҳбари ширкати “Технологияҳои инноватсионии Тоҷикистон» гуфт, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ онҳоро шарики ин барнома эълон дошта, таҳияи барномаҳоро ҳам аллакай  дар заминаи системаи маъруфи Андроид фаъол кардааст. Неъматов мегӯяд, ки “Планшете, ки мо дар он барномаҳоро насб мекунем, моли Чин буда, онҳо бидуни он ки ба интернет пайваст шаванд, яъне офлайн кор мекунанд, симкортро қабул намекунад ва танҳо тариқи USB ва ё WI-FI ба  интернет пайваст мешаванд”.

Ин манбаъ мегӯяд, ки ҳанӯз вазорат тасмими қатъӣ нагирифтааст, ки чанд планшет фармоиш диҳад ва сари нарху навои он тасмими қатъӣ гирад, аммо вазорат барномае дорад, ки мехоҳад тавассути роҳандозии он аз синфи 1 то 11 макотиби миёна пурра ба планшет гузаранд.

Ин хабар  дар ҷомеаи Тоҷикистон сарусадои зиёдеро ба бор овард. Пахши ин хабар дар ҳолест, ки нархи планшетҳо дар бозор аз 300 доллари амрикоӣ зиёд буда, дар Тоҷикистон буҳрони шадиди иқтисодӣ ҳукмфармост.

Рауф, як магистри тоҷик дар робита ба ин тасмими маориф, мегӯяд: «Мо чӣ гуна метавонем чунин як барномаро роҳандозӣ кунем, ки ҳанӯз базаи техникиамон намерасад. Барои ин ҳатто замина надорем. Ман дар риштаи ҷомеашиносӣ магистр ҳастам. Хуб медонам, ки ҷомеаи тоҷик ҳанӯз барои ин омода нест». Рауф аз вазъи дониши техникии  ҷавонону наврасони деҳоти Тоҷикистон нигаронӣ карда мегӯяд, ки ҳанӯз деҳаҳое ҳастанд, ки бачаҳо дар бораи компютер ва имкониятҳои он тамоман маълумот надоранд, ҳол он ки планшет ин насли нави технология аст. «Ман метавонам ба шумо даҳҳо деҳаро нишон диҳаму номбар кунам, ки бачаҳояш намедонанд компютер чист. Магар дар ин замина метавон барномаи тарҳрезишудаи маорифро роҳандозӣ кард?» -мегӯяд  Рауф.

Аммо Маъруф Муродов, як пажӯҳишгари тоҷик, ки муқими Аврупост, ин тасмими маорифро амали зарурӣ ва саривақтӣ медонад. Ӯ  мегӯяд: «Дар Амрикову Аврупо аллакай тамоми мактабҳо ба ин низом гузаштаанд, ва аллакай ҳама васеъ аз планшет истифода мекунанд.» Ба гуфти Маъруф,  истифодаи васеъ ва ҳамагонии технологияи навин ба мактаббачаҳо имкон медиҳад, ки онҳо бо ҷаҳони мутамаддин дар алоқаи доимӣ бошанд.

Мунира Иноятова,  собиқ вазири маорифи Тоҷикистон зидди ин тасмим аст. Ӯ  мегӯяд: “Планшет метавонад ҳамчун як таҷҳизоти ёрирасон хизмат кунад,  на бештар аз он. Он ҷои китобу дафтарро гирифта наметавонад. Чунки хатнависӣ ин эстетикаи толибилмонро рушд медиҳад, аммо планшет онҳоро аз ин чиз маҳрум мекунад. Гузашта аз ин, планшет таҷҳизоти гаронарзиш аст ва хонаводаҳои тоҷик имкони харидани онро барои ҳар як фарзанди худ  надоранд”.

Дар робита ба ин гуфтаи Иноятова як саволу ҷавоби ҳафтаномаи «Аргументи и факты» ба ёд меояд. Як сокини шаҳри Маскав аз идораи «АиФ» пурсидааст: «Дар замоне ки компютер ҳаст, магар дар мактаби миёна навиштанро омӯхтани хонандагон лозим аст?» Ба ин суоли хонанда профессор Аратаманова М.Ю. чунин ҷавоб навишта буд: «Навиштан ин маънои онро дорад, ки ҳарфҳо дар хотира нақш мебандад. Ҳини навиштан тамоми аъзои ҳисси кӯдак ба кашидан сарф мешавад ва ҳеҷ гоҳ ӯ намуди ҳарфро фаромӯш намекунад. Аммо дида хондан ё дида навиштан барои кӯдак душворӣ меорад, то он дараҷа ки ӯ метавонад ҳарфҳоро ба ҳам омехта кунад».

Раҷабалӣ Сангинов, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ки роҳандозии планшет ин тезонидани бизнеси ягон сарватманд ё давлатманд аст. «Ман фикр мекунам, ки ин як намуди бизнес аст. Ягон сарватманд ё мансабдор роҳи нави аз мардум ситонидани пулро ёфтааст ва мехоҳад бо фурӯхтани ин дастгоҳ маблағ ба даст орад. Мо ин гуна таҷрибаро дар кишвар борҳо дидаем.»

Эҳсони Хушбахт, сухангӯйи вазорати маориф ва илм, бо қатъият мегӯяд ки ин хабар ягон воқеъият надорад. «Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар мавриди гузариш ба низоми планшетӣ  ва ё иваз намудани китобҳои дарсӣ бо планшет икдоме рӯйи кор гирифта нашудааст». Номбурда дар давоми суханаш гуфт: «Мо хуб медонем, ки бо планшет амалҳои зиёдеро метавон анҷом дод, аммо он ҳеҷ гоҳ наметавонад ҷойгузини китоб бошад…. Дуруст, аст ки бархе аз кишварҳои пешрафта ба ин низом гузаштаанд, яъне дар муассисаҳои таълимӣ планшетҳо истифода мешавад. Аммо дар шароити кунунии Тоҷикистон на ҳар кас имкони харидории планшетро дорад». Хушбахт мегӯяд: «Китобҳои чопии  дарсӣ дар макотиби мо  буд, ҳаст ва дар солҳои наздик хоҳад  монд. Хабари гузариш ба планшет, ки  расонаӣ шудааст, дурӯғ буда, воқеъият надорад».

 Дар мавриди аз ҷониби вазорат харидорӣ шудани 1000 дона планшет Эҳсони Хушбахт мегӯяд: «Мо соли гузашта хамагӣ беш аз 150 планшет барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумхуриявии деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик аз  маблағгузории  Ҷаноби Олӣ харидорӣ намуда будем, аммо вазорат ҳеҷ гоҳ 1000 планшет нахаридааст ва ҳамон ширкате ки дар хабари «Озодӣ» ном бурда шудааст, бо он умуман ҳамкорӣ надорем».

Шояд ин гузариш ба планшет сирри вазорати маориф буд, ки мехост дар солҳои наздик онро роҳандозӣ кунад ва ин сирро  «Озодӣ» фош кард. Ё «Озодӣ» мисли чанд дурӯғи пешинааш  хонандаро  гумроҳ кард ва барои ин   вазорат онро ба суд медиҳад?  Охири қазияро интизор хоҳем шуд…

http://www.pressa.tj/article/sirri-maorif-yo-durugi-ozodi

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *