Шоҳиён: Қазияи Гулмуродзодаро бори аввал мешунавам

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии кишвар мегӯяд, ки қазияи Аминҷон Гулмуродзода, сармуҳаррири сомонаи Faraj.com.tj – ро бори нахуст мешунавад.

Ҷаноби Шоҳиён ба суоли хабарнигори Faraj.tj дар мавриди қазияи Аминҷон Гулмуродзода, ки «оё дар таърихи мурофиаҳои судӣ дар дунё боре шудааст, ки кӯдаки шашсола барои гуноҳи падараш ҷавоб гуфта бошад?» чунин посух гуфт, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобагарӣ кашидани шахсро муайян кардааст, аммо кӯдаки шашсола барои гуноҳи кардаи падару модараш наметавонад ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

— Ман ин қазияро бори аввал шунидам. Ман то имрӯз аз ин қазия хабардор набудам. Мо месанҷем, зеро кӯдаки шашсола наметавонад барои гуноҳи падару модараш ба ҷавобгарӣ кашида шавад, — афзуд Шоҳиён.

Ҳамчунин раиси Суди олӣ супориш додааст, то ин парванда дида баромада шавад.

Баъдан Лутфулло Шавқат раиси коллегияи судяҳои кассатсионӣ гуфт, ки парвандаи Аминҷон Гулмуродзодаро дида баромада истодааст: «аз руйи натиҷаи мақолаву вокунишҳое, ки дар рӯзномаҳо чоп шудааст,  баъдан хабар медиҳем».

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2015 журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj Аминҷон Гулмуродзодаро Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мувофиқи моддаи 340, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷат ду сол маҳкуми зиндон кард.

 

http://faraj.tj/main/12139-sho1203ien-1178aziyai-gulmurodzodaro-bori-avval-meshunavam.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *