Сарошпаз: Журналистҳо кайфианд

Ошхонаи «Фаровон» дар дар дохили бозори «Фаровон» хеле маъруф асту муштарии зиёд дорад. Вале чун дохили ошхона ворид мешавед, бӯйи хӯрок зиёд аст, мисле ки ҳавокаш надорад. Ва ҳатто бӯйи чангу ғубор низ хеле бад ба машом мерасад. Ин ошхонаро ошхонаи тезтайёри «Фаровон» низ ном мебаранд.

Рӯзе корамон ба он тарафҳо афтоду хостем, ки хӯроки нисфирӯзиро дар ошхонаи «Фаровон» хӯрем. Вале бо ворид шудан ба ин ошхона табъамон якбора хира шуд. Бӯи ғализи бад аз як тараф бошад, аз тарафи дигар бӯи сӯхтаи нон ё хӯрок ба димоғамон мерасид. Чун дар мизи он нишастем, дигар иштиҳои хӯрок хӯрдан якбора парид. Қошуқҳо болои миз чиркин, ношушта, дастархони пур аз доғ, мисли дорухонаи «Радуга», чирки болои шишаҳо ба сиёҳӣ мубаддал гаштааст. Ҷойҳои дастшӯӣ низ хеле безебу ифлос буд. Аз хӯрокхӯрӣ даст кашидему ба сарошпази ин ошхона шикоят кардем. Вале сарошпаз ба ҷойи оромона бо мо ҳамсӯҳбат шудану ба суолҳоямон посух гуфтан ба масхарабозӣ шурӯъ кард:

«Э шумо журналистҳо кайф накардед? Ба номи Худо шумо просто кайф кардагиед? Чиба иҷара проверка мекнен? Шумо духтурен? Прокурорен? Ба хуби аз инҷа брен ба Худо, бо мегум кайф кардестен итара саволо бо будай э чиба иҷа чиркин? Ма намемонымтон ба дарун, мумкин нест».

Вале пас аз чунин муносибати дурушту бад, мо, ба сарошпаз гуфтем, ки агар халат пӯшем иҷозат аст, аққалан ҷойи хӯроктайёркуниатонро бубинем? Ӯ дар посух «а бача ана бо журналистҳо кайфа сар кардаган» — гуфт.

Барои ҷавоб гирифтан ба ҳамаи ин бесарусомонӣ мо ба муовини директори бозори «Фаровон» Насриддин Насриддинов муроҷиат карда, ҷойҳои ба талабот ҷавобгӯ набударо нишон додем, вале ӯ дар посух чунин гуфт: «Гӯш кунед, ана куҷо ифлос аст, ягон ҷо. Аммо, Шумо журналистҳо як чиро донед, ки ман қати Шумо — «Фараж» 1 бор не 2 бор то суда рафтагиям, бо мерам. Огоҳ кардам шуморо. Ман ҳуқуқшиносам, як умр дар орган кор карда омадам. Лекин бо мерам қатитон то куҷо даркор бошад».

 

http://faraj.tj/news/11280-saroshpaz-zhurnalist1203o-kayfiand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *