САҳиФаи сапЕД

Ҷомеа хабари сиёҳро мехонад, барои хабари сиёҳ мегиряд, барои хабари сиёх шарҳ менависад, лайк мемонад. Гуё ҳама сиёҳдӯстдору сияҳхону сияҳпараст шудаем.

Шоир фақат шеъри сиёҳ менависад, журналист думболи сиёҳӣ медавад, зеро ҷомеа ошиқи сиёҳӣ шудааст.

Агар гӯям, ки мавзӯи ин гӯша аз як суханронии президенти Белорус Александр Лукашенко пайдо шуд, шояд кам касе бовар кунад. Гап дар сари он нест, ки фалсафаю андешаи «Батька» ё «охирин диктатори Аврупо» (лақабҳои Лукашенко) – ро бисёр таҳлилгарон ҷиддӣ қабул намекунанд, сухан сари он нест, ки вай тавонистааст андешаи ғайриоддие гӯяд. Балки мавзӯеро, ки номбурда матраҳ намуд, фикр мекардам фақат дар Тоҷикистон аст. Тоҷикистон куҷову Белорус куҷо, — вақте ин мавзӯъро аз забони Лукашенко шунидам, ҳис кардам, ки ҳатто дар андешарониҳо бо ӯ ҳамфикр будаем. Натанҳо мардуми кишварҳои мо монанд ҳастанд, балки мушкили ҷомеаи мо ҳам монанд будааст. Воқеан, кашфиёт!

«Батька» дар як суханронии кӯтоҳаш, агар хато накунам, дар рӯзи интихоботи президентии кишвараш ба журналистон рӯй оварда, иқрор шуд, ки аз кушодани саҳифаи нашрияҳо ё дидани барномаҳои ахбор… метарсад:

— Фақат ҷанг, куштор, таҷовуз… Ҳама сип — сиёҳ. Наход дар дунё хабари хуше набошад? – суол кард президент.

Воқеан ҳам, ҳарчанд кадом фалсафафурӯши русе мегӯяд, ки «жизнь как зебра — полоса белая, полоса черная, белая, черная, белая, черная…», Лукашенко ҳақ аст. Пайк ё навиди хушеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ку, қариб намебинем, аммо нашрияҳо ҳам оҳиста- оҳиста фақат «полоса черная, полоса черная, полоса черная» шуда истодаанд.

Бовар мекунед, ҳатто аз гуфтан ё навиштани хабари хуше метарсед. Чунки ҷомеа чунин мешуморад, ки ин хабари хушро ё аз тарс гуфтаед, ё барои хушомад гуфтаед ё ин хабар кирои таъриф нест. Шояд чунин набошад ва ба назари худи мо менамояд? Шояд…

Аммо, ҷомеа ҳам хабари сиёҳро мехонад, барои хабари сиёҳ мегиряд, барои хабари сиёх шарҳ менависад, лайк мемонад. Ҷомеаи мо сиёҳдӯстдору сияҳхону сияҳпараст шудааст. Шоир фақат шеъри сиёҳ менависад, журналист думболи сиёҳӣ медавад, зеро ҷомеа ошиқи сиёҳӣ шудааст.

Мо чизи сафедро намебинем, — ин иқрор душвор аст, аммо ман ин камбудиро мепазирам. Барои мисол, ҳамин субҳи сешанбе, касе маро гуфт, ки Муродалӣ Алимардон дар Ҳисор чойхонае дар шакли харбуза сохтааст, ки ҳамто надораду то якуним ҳазор нафарро метавонад ҷой диҳад. Баробар ё шояд камтар аз кохи Борбад. Аммо, ман ба ҷойи он ки ба заҳмати ин марди воқеан худодод офарин гӯям, киноя кардам:

— Бояд супориш диҳанд то Қосими Раҳбар дар баробари ӯ дар Хуҷанд чойхонае созад дар шакли каду. Чун ҳарду баробар ба сиёсати калон ворид шуданд, ҳардуро баробар президент ба мӯза пӯшидану саҳро баромадан, водор карда буд, ҳарду иди кадую харбузаро анъана карданд, ҳарду баробар аз вазифаҳои баланд рафтанд, чойхонаро ҳам баробар созанд.

Ба ин монанд, чанд сол пеш ҳар рӯз аз «Барқи тоҷик» шиква мекардему раиси вақти он Шарифхон Самиевро танқид менамудем. Аммо, ҳамин ки рафт, муддате хомӯшӣ буд, баъди он ҳатто даъвоҳое ҳам рӯ зад, ки «бечораро дар ҳолати ногувор монда, аз вазифа гирифтанд».

Хуллас, ниҳоят ба ин қарор омадам, ки бигзор ҳама сиёҳ гӯянду аз сиёҳӣ нависанд, аммо ман мекӯшам то ҳарфи сапед ёбаму гӯям. Чун замоне ки ҳама сафед мегуфтанд, мо аз сиёҳӣ мегуфтем.

Дар ин ҳолат, рубрикаи гӯша «Парадокс» ҳам, вайрон намешавад. Зеро ҳар он чӣ дар ин гӯша гуфтаем, ҳамеша зидди андешаи аксар, ки дар як ҷой шахшуда аст, будааст. Тавре Оскар Уайлд мегӯяд:

« Ман дар бораи Шумо он қадар тӯҳмат шунидаам, ки бовари қатъӣ дорам шахси беҳтарин ҳастед».

Бовар дорам, ки анъанаи навиштани «саҳифаи сафед» фақат як орзу боқӣ намемонад ва то замони сохта шудани чойхонаи кадушакли Раҳбари Қосим зери ин мафҳум мавзӯъ пайдо мекунем. Ба ҷойи шиква аз сиёҳӣ, биёед ақалан шамъаке барои рӯшан кардани пеши пойи худ барафрӯзем.

Ба пеш, ба сӯи сапедиҳо!

 

http://faraj.tj/editorial/11306-sa1203ifai-saped.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *