Рухшонаву Мазҳаб барандаи ҷойизаи Кумитаи ҷавонон шуданд

Кормандони Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон Рухшона Ҳакимова ва Мазҳаб Ҷумъа барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар гардиданд.

Аз ҷониби Кумитаи мазкур ба 6 нафар журналистони ҷавони ВАО-и кишвар, Рухшона Ҳакимова, хабарнигори «Фараж», Руқия Абдуллоева, хабарнигори АМИТ «Ховар», Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори «Самак», Зарифа Содиқова, хабарнигори «Садои Конибодом» ва дигарон бо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз дар тарабхонаи «Шоира Люкс»- и пойтахт доир гардид, ки дар раиси Кумитаи мазкур Ахтам Абдуллозода иштирок намуда, барандагони ҷоизаҳоро табрик намуд.

Ҳамчунин ҷавонони фаъоли кишвар бо ҷоизаи мазкур дар соҳаҳои адабиёт, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

http://faraj.tj/news/12122-ruhshonavu-maz1203ab-barandai-1207oyizai-kumitai-1207avonon-shudand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *